Jump to content

Зеҳнии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зеҳнии Самарқандӣ

Зеҳнии Самарқандӣ (форсӣ: ذهنئ سمرقندی‎; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз маълумоти Мутрибӣ («Тазкирату-ш-шуаро») бармеояд, ки Зеҳнии Самарқандӣ аз ақрабои Сабурист ва ҳангоми таълифи тазкира ҷавону толибилми мадраса будааст. Хатро назди Мутрибӣ машқ мекард. Мутрибӣ ба ашъори ӯ баҳои баланд додааст. Абёти зер намунае аз эҷодиёти ӯст:

Ҳар кӣ дар ишқи буте хор шуд аз меҳнати хеш,
Ёфт дар пеши маломатзадагон иззати хеш.
Бода аз соғари ғам нӯшаму мадҳуш шавам,
З-он ки дар ишқи ту имшаб маро ишрати хеш.
Чанд аз ҷавр ба қатли дигарон мекӯшӣ?
Хуни ман рез, ки бигзаштаам аз нияти хеш.
Ман чу Маҷнун ба ҷаҳон шуҳра ба ишқи ту шудам,
То зада ишқи ту дар мулки ҷаҳон навбати хеш.
Зеҳнии дилшуда ҳаргиз нашудӣ шод аз ғам,
Магар ин буд туро рӯзи азал кисвати хеш.