Jump to content

Зинаи апелятсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зинаи апелятсионӣ — аввалин маротиба дар системаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар айни замон эинаи аисллягснонӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Пешбурди парванда дар зинаи апеллятсионӣ дар Кодекси мурофиаи судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон институти нав аст. Зинаи мазкур барои санҷиши санадҳои судии эътибори қонунй пайдо накарда таъйин шудааст. Ҳангоми баррасии парванда дар зинаи апеллятсионӣ он ба таври пурра аз сари нав дида баромада мешавад. Дар ин зина риояи қонунҳои мурофиавӣ ва моддӣ аз ҷониби суди зинаи якум (аввал), ҳолатҳои воқеии кор пурра моҳиятан санҷида мешавад. Муҳокнмаи парванда дар зинан апеллятснонӣ дар маҷлиси судӣ бо хабар додани шахсони дар парванда иштироккунанда аз ҷониби суд гузаронида мешавад. Танҳо дар мавриди бекор кардани таъйинот дар бораи рад кардани қабули аризаи даъво, дар бораи баргардонидани аризаи даъво, боздоштан ва қатъ карданн пешбурдн парванца, бе муҳокима монондани даъво зинаи аисллятсиоий парвандаро ба баррасии нав ба зинаи аввал мефиристонад. Зннаи апеллятсионӣ дар фарқият аз зинаҳои кассатсионню назоратӣ салоҳияти ба баррасии нав фиристодани парвандаро надорад. Зинаи апеллятсионӣ нарвандаро ба таври дастачамъй баррасн намуда, қарор мебарорад, ки онро ҳамаи судяҳо имзо менамоянд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 172-173