Зистфанноварӣ
Зистфанноварӣ[1] (форсӣ: زیستفناوری), биотехнология — илмест, ки имконияти истифодаи организми зинда, системаҳо ва ё натиҷаи фаъолияти онро барои ҳалли масъалаҳои технологӣ меомӯзад. Инчунин имконияти сохтани организмҳо бо хусусияти муайян бо усули муҳандисии генетикӣ яке аз мавзӯҳои асосии он ба шумор меравад.
Биотехнология гуфта асосан истифодаи муҳандисии генетикиро дар асрҳои XX—XXI мефаҳманд, вале худи истилоҳ хело мафҳуми васеътар буда, комплекси равандҳои дигаргун намудани организмҳои биологӣ барои таъмин намудани зарурияти одамро дарбар мегирад. Комплекси мазкур аз дигаргун сохтани рустани ва хонагӣ кардани ҳайвонҳоро тавассути яккачинкунии сунъи ва гибридизатсия сар мешавад. Тавассути усулҳои ҳозира истеҳсолоти анъанавии биотехнологии имконияти баланд бардоштани сифати маҳсулоти хӯрокаро ва истеҳсолнокии организмҳои зиндаро пайдо намуданд.
То соли 1971 истилоҳи «биотехнолгия» асосан дар истеҳсолоти хӯрока ва хоҷагии деҳот истифода мешуд. Аз соли 1970 сар карда олимон истилоҳро барои ишораи усулҳои лабораторӣ, ба мисли клонсозӣ ва маҷмӯи ҳуҷайраҳо, ки бо тарзи in vitro калон карда мешаванд.
Биотехнология дар генетика, ҳаётшиносии молекулавӣ, биохимия, ҷаниншиносӣ, ҳаётшиносии ҳуҷайравӣ ва инчунин дар илмҳои амалӣ, ба мисли кимиё, технологияҳои иттилоотӣ ва роботсозӣ асос ёфтааст.
Таърихи зистфановарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Истилоҳи «зистфановарӣ» бори аввал аз ҷониби муҳандиси маҷористонӣ Карл Эрёки дар соли 1917 истифода шудааст.
Истифодаи микроорганизмҳо ё ферментҳои онҳо дар истеҳсоли саноатӣ, ки раванди технологиро таъмин мекунанд, аз замонҳои қадим маълум буд. Аммо таҳқиқоти илмии муназзам имкон доданд, ки маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои зистфановарӣ ба таври назаррас густариш ёбад.
Ҳамин тавр, дар соли 1814 академики петербургӣ академик К. С. Кирхгоф падидаи катализи биологиро кашф намуда, кӯшиш кард бо роҳи биокаталитикӣ аз ашёи хоми дохилӣ шакар ҳосил намояд (то нимаи садаи XIX шакар танҳо аз найшакар ба даст оварда мешуд). Дар соли 1891 дар ИМА биохимики ҷопонӣ Дз. Такамине аввалин патентро барои истифодаи препаратҳои ферментӣ бо мақсадҳои саноатӣ гирифт: олим истифодаи диастазаро барои қандкунонии партовҳои растанӣ пешниҳод намуд.
Дар аввали садаи XX санъати ферментатсионӣ ва санъати микробиологӣ ба таври фаъол рушд карданд. Дар ҳамин солҳо аввалин кӯшишҳо барои ба роҳ мондани истеҳсоли антибиотикҳо, консентратҳои ғизоӣ, ки аз хамиртуруш ҳосил мешуданд, инчунин назорати ферментатсияи маҳсулоти пайдоиши растанӣ ва ҳайвонот анҷом дода шуданд.
Аввалин антибиотик — пенитсиллин — соли 1940 ҷудо ва то сатҳи қобили қабул тоза карда шуд, ки ин вазифаҳои навро ба миён овард: ҷустуҷӯ ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии доруҳое, ки аз ҷониби микроорганизмҳо тавлид мешаванд, инчунин кор оид ба арзонтар гардонидан ва баланд бардоштани сатҳи биобехатарии доруҳои нави тиббӣ.
Рангҳои зистфановарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои гуногуни зистфановарӣ ба таври шартӣ бо рангҳо ҷудо карда мешаванд. Типологияи муосир даҳ навъи чунин зистфановариро фарқ мекунад[2]:
- Сурх — тиб, фармасевтика, ташхис;
- Зард — зистфановарии ғизоӣ;
- Тилоӣ — масъалаҳои биоинформатика ва нанотехнология;
- Сабз — кишоварзӣ, сӯзишвории биологӣ ва барқарорсозии муҳити зист, геомикробиология;
- Кабуд — зистфановарии аквакултура;
- Бунафш — масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- Сафед —
- дар адабиёти англисзабон — зистфановарие, ки ба кор бо генҳо асос ёфтааст,
- дар адабиёти русзабон маънои устуворшудаи он ба истеҳсолоти биологии саноатӣ марбут аст;
- Хокистарӣ —
- ҳамаи равандҳои марбут ба ферментҳо ва биопроцессҳои классикӣ,
- дар манбаъҳои анъанавитар зери зистфановарии хокистарӣ зистфановарии экологӣ фаҳмида мешавад;
- Сиёҳ — марбут ба ҳадафҳои ҳарбӣ ва терроризм;
- Қаҳваранг — ҳалли мушкилоти минтақаҳои биёбон ва дорои иқлими аридӣ (зистфановарии фазоӣ ва геомикробиология).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Зистфанноварӣ чист? Маънии зистфанноварӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 24 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Кудрявцева Ольга Владимировна, Яковлева Екатерина Юрьевна, Вильт Мария Васильевна Типология биотехнологий и место в ней Российской биоэнергетической отрасли // Вестник университета. — 2014. — Вып. 13. — С. 123–132. — ISSN 1816-4277.