Зокири Ашӯлачӣ
Зоҳир
Зокири Ашӯлачӣ (1861, деҳаи Унҷӣ, Хуҷанд — 1942, ҳамон ҷо) — сарояндаи суруду таронаҳои маросимии тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз наврасӣ ба сурудхонӣ пардохта, овози хушу форам дошт. Муҳити ҳавзаи мусиқии Хуҷанд, маҳфилҳои шеъру суруд («Маҷлис», «Базм»), ки Зокири Ашӯлачӣ яке аз ширкатдорони фаъоли онҳо буд, ба рушди завқи эҷодӣ, мусиқишиносӣ ва маҳорати сарояндагии ӯ мусоидат кардааст. Зокири Ашӯлачӣ яке аз шогирдони боистеъдоди Содирхон Бобошарифов буд. Дар асрҳои 19-20 дар радифи «мақомхонӣ» анъанаи «нақшхонӣ» низ дар Хуҷанд маъмул буд ва Зокири Ашӯлачӣ аз сарояндагони хушсалиқаи ин жанр гашта, дар ҷашну сур вазифаи «сарнақшчӣ»-ро иҷро мекард. Баъзан сурудҳои лирикӣ низ месароид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зокири Ашӯлачӣ / А. Низомов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Саидкаримов Б. А. Ҳаёти мусиқии Хуҷандшаҳр (охири асри ХIХ — ибтидои асри ХХ). Х., 2002;
- Низомов А. Таърихи мусиқии тоҷик. Д., 2014.