Jump to content

Зоогигиена

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зоогигие́на, гигиенаи ҳайвонот, беҳдошти ҳай­вонот — илмест, ки таъсири муҳити зистро ба солимию маҳсулнокии ҳайвоноти хонагӣ меомӯзад; бахше аз байторӣ.

Зоогигиена умумӣ ва ҷузъӣ мешавад. Зоогигиенаи умумӣ шароити нигоҳдошти ҳайвонот (беҳдошти муҳит, ҳавои мол­хонаҳо, хок, об, хӯрок ва хӯрокдиҳӣ), инчунин масъа­ла­ҳои парвариш ва усулҳои нигоҳдошти онҳоро мео­мӯзад. Мавзӯи таҳқиқи зоогигиенаи ҷузъӣ низ чунин аст, вале он дар ҳайвоноти намуд ва синну солу таъйиноташон гуногун сурат мегирад. Тавсияҳои амалии зоогигиена боиси афзоиши маҳ­сулнокии чорво мегарданд. Зоогигиена бо дигар илмҳои бай­торӣ, ҳамчунин бо физика, кимиё, физиологияи ҳай­во­нот, мик­робиология, зоотехния, истеҳсоли хӯроки чорво, иқти­содиёт ва ғ. робитаи устувор дорад. Пажӯҳишҳои зооги­гиенӣ маҷмӯӣ мешавад. Онҳо ба усулҳои таҷрибавӣ ва оморӣ, муоинаи беҳдорӣ ва мушоҳидаҳои физиологӣ асос ёфтаанд.

Зоогигиена ҳамчун соҳаи фаъолияти касбӣ, назорат ва таъмини шароити мусоиди нигоҳдошти ҳайвоноти хонагиро дар бар мегирад.

Тадбирҳои беҳдоштӣ, ки дар асоси таҷрибаи амалӣ ба вуҷуд омадаанд, аз замонҳои қадим маълуманд. Аз ҳа­зор­солаи 2 то м. дар Бобил, Ҳиндустон, Чин, Миср, Юнон ва Руми Қадим дастурҳо роҷеъ ба муолиҷа ва риояи чо­ра­ҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии касалиҳои ҳайвонот маълум буд. Дар ривоҷу равнақи зоогигиена саҳми олимони шӯ­ра­вӣ И. П. Попов, И. А. Добромислов, Г. И. Груин, А. В. Озе­ров, Н. М. Комаров, К. И. Скрябин ва дигарон назаррас аст. Дар ривоҷу равнақи зоогигиена дар ибтидои асри 21 олимони Фаронса, Олмон ва Финляндия нақши муҳим доранд.

Зоогигиена дар ҳаллу фасл ва омӯзиши масъалаҳои зерин ба му­ваффақиятҳои назаррас соҳиб гаштааст: таъсири омил­ҳои иқлимӣ ва микроиқлимӣ ба андомгони ҳайвонот ва ма­қо­ми онҳо дар пайдоиши касалиҳо; таҳқиқи гарми­ба­рорӣ, об­бухоркунӣ ва газхориҷкунии ҳайвонот; омӯзиши меъёр­ҳои физиологии микроиқлими мусоиди молхонаҳо барои ҳайвоноти синну сол ва аҳаммияти истеҳсолиашон гуногун, таъмини об дар хоҷагиҳои чорводор ва усулҳои об­ди­ҳӣ ба чорво; ба роҳ мондани усулҳои нави бунёди мол­хонаҳо, системаҳои ҳавотозакунӣ ва воситаҳои техникии нигоҳубини ҳайвонот; дарёфти усулҳои нави истифодаи афканишоти фаросурх (ултрасурх) ва фаробунафш (ултрабунафш), ионнок кардани ҳавои молхонаҳо; таҳ­қиқи усулҳои гуногуни нигоҳубини чорво дар фаслҳои тобис­тон ва зимистон, таъсири хунукӣ ва гардиш ба са­ло­матӣ ва маҳсулнокии ҳайвонот; омӯзиши хусусият­ҳои беҳ­дош­тии тагандози чорво ва тарзи нигоҳдошту безарар гар­до­ни­дани пору; арзёбии сифати обу хӯроки чорво, ҳо­лати беҳдории манбаи таъмини об; таҳқиқи таъсири тағ­зия ба муқовимати ҳайвонот; муқаррар кардани усул­ҳои нигоҳ­до­рӣ ва хӯрокдиҳӣ ба ҳайвоноти бордор, парвариши ҷа­во­наҳо, инчунин роҳҳои истифодаи босамари ҳай­вонот; ихтирои дастгоҳҳои нави таҳқиқот дар соҳаи зоогигиена; бунёд кар­дани зоотрон. Дар Тоҷикистон оид ба зоогигиена дар ин-тҳои бай­то­рӣ ва чорводорӣ, инчунин дар кафед­раи зоогигиенаи ДАТ таҳқиқот мебаранд. Олимони ҷум­ҳурӣ таъ­сири омил­ҳои иқлим ва микроиқлимро ба андомгони ҳайвонот, меъ­ёрҳои гар­мибарорӣ, оббухор­кунӣ ва газхо­риҷ­кунии чорворо муқаррар ва вобаста ба синну сол талаботи ба мик­ро­иқлим доштаи онҳоро муайян карда, роҳ­ҳои босамари дар молхона ва чарогоҳ нигоҳу­бин кардани чорворо дар­ёфт намуданд. Анҷумани байналмилалии зоогигиена баъди ҳар 3-4 сол баргузор мегардад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]