Jump to content

Зотӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зотӣ (шоир)

Зотӣ (форсӣ: ذاتی‎; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро камол ёфтааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-у-шуаро»-и Мутрибӣ Зотӣ шогирди Нисории Бухороӣ будааст. Аз шоирони хуштабъ ва ғазалсаро ёд мешавад. Абёти зер аз ӯст:

Ду лаъли ёр, ки ширинтаранд зи ҷон ҳар ду,
Ба қасди куштани ман гашта як замон ҳар ду.
Ду чашми ишвагараш фитнаҷӯсту офати шаҳр,
Чӣ гуна ҷон ба саломат барам аз он ҳар ду...