Зоҳидаи Хонанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зоҳидаи Хонанда

Зоҳидаи Хонанда (форсӣ: زاهده خواننده‎; ? — қарни XII) — хонанда ва ромишгари форс-тоҷик.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию иҷрои Зоҳидаи Хонанда дар Ҳироту Ғазна гузаштааст. Асосҳо ва но­зукиҳои шеъру мусиқиро аз падару модараш фаро гирифта буд. Дар сароидани шаклу навъҳои шеърию муси­қӣ ва тарона номвар шуда, дар сурудани ашъори ирфонӣ низ назди дӯстдорони шеъру мусиқӣ эътибори хосса дошт. Ӯ дар санъати сарояндагӣ сабки махсус дошта, ба сун­нат­ҳои деринаи эҷоду иҷрои ҳавзаҳои Хуросону Мо­ва­роун­наҳр низ такя мекард. Муҳаммад Авфии Бу­хороӣ дар китоби «Лубобу-л-албоб» чунин навиштааст: "Дар Ҳарӣ зани мутрибае бо номи Зоҳидаи Хонанда номвар буда. Дар маҷ­лиси Амир Носируддини Санҷарӣ ҳозир буд. Тӯти­сухане, ки чун шакар аз писта равон кар­дӣ, тарбияти қув­вати равон кардӣ ва чун даҳ ангуштро барои мадади қав­лу ғазал дар амал овардӣ, ғоратгари ин­су ҷон кардӣ. Ва он амир ин рубоӣ дар ҳаққи ӯ гуфтааст:

Чашму рухи ту ба дилбарӣ истоданд,
Ангуштонат дари тараб бигшоданд.
Эй Зоҳида! Зоҳидон зи чанги хуши ту
Чун наргиси ту масту хароб афтоданд.

Зоҳидаи Хонанда дар сароидани жанру шаклҳои шеърию мусиқии тарона, қавл, ғазал ва маҷмӯаи мусиқии устодонаи «Хус­равонӣ» дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Ғазна ва берун аз он шуҳрати зиёд дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • حدادی‌ نصرت‌الله. فرهنگنامه موسیقی ایران. تهران، ۱٣٧٦ ش