Зоҳидон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Зоҳидон
زاهدان
29°29′ с. ш. 60°52′ в. д.HGЯO
Кишвар Эрон
Устон Устони Систон ва Балучистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 380 м[1]
Минтақаи замонӣ UTC+03:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 640 031 тан (2012)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0541
zahedan.ir(форсӣ)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Зоҳидон дар харитаиБаҳрайнҚатарУммонКувайтТуркияАрманистонОзарбойҷонТуркманистонАфғонистонПокистонИроқАрабистони СаудӣОбъединённые Арабские ЭмиратыКаспийское мореПерсидский заливОрмузский проливОманский заливЮжный ХорасанЙездСистан и БелуджистанКерманХормозганФарсБуширХорасан-РезавиСеверный ХорасанГолестанМазендеранСемнанТегеранАльборзКумЧехармехаль и БахтиарияКохгилуйе и БойерахмедХузестанИламЛурестанЦентральный останИсфаханГилянАрдебильКазвинХамаданКерманшахКурдистанВосточный АзербайджанЗенджанЗападный Азербайджан
Зоҳидон
дар харитаи
Зоҳидон
Зоҳидон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зоҳидон (форсӣ: زاهدان‎) — шаҳр, маркази маъмурии Шаҳристони Зоҳидон, Устони Систон ва Балучистон дар Эрон.; дар ҷанубу шарқи Эрон, дар наздики сарҳадди Покистону Афғонистон воқеъ аст.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландиаш аз сатҳи баҳр 1370 м. Аҳолиаш тақрибан 590 ҳазор нафар (2017), аксарият балучҳои ҳанафимазҳаб.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлимаш дар тобистон гарм ва зимистон сард. Миқдори бориши солона 80 мм, мавсими боронӣ декабр – апрел.

Зоҳидон дар масофаи 1600 км ҷанубу шарқтари шаҳри Теҳрон ҷойгир буда, роҳи мошингарди № 84 шаҳрро дар ғарб бо Кирмон ва дар шарқ бо шаҳри Кветтаи Покистон, роҳи № 95 Зоҳидонро дар шимол бо Машҳад ва дар ҷануб бо Чобаҳор мепайвандад. Тавассути роҳи оҳан бо дохил ва хориҷи кишвар – Покистон пайванд аст. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавзеи кунунии Зоҳидон дар гузашта минтақаи нисбатан сарсабз ва барои чорводорӣ мусоид буд. Соли 1898 Мурод ном шахсе дар ин ҷо корез бунёд кард ва дар атрофи он деҳаи Дуздоб ташкил ёфт. Соли 1903 дарбориёни белгиягии Қоҷориён дар Дуздоб гумрукхона сохтанд. Дар аҳди Ризошоҳи Паҳлавӣ номи Дуздоб ба Зоҳидон тағйир ёфт (1930). Зоҳидон дар шоҳроҳи иртиботии Покистон, Ҳинд, Хуросон, Кирмон ва Балучистон қарор дошта, аҳолиаш афзоиш меёбад. Зоҳидон ҳоло маркази қолинбофӣ, истеҳсоли маводди сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва сафолгарӣ мебошад. Дар Зоҳидон Донишгоҳи Сиистон ва Балучистон, Дорулулуми пизишкии Зоҳидон, Институти технологӣ ва ғайра фаъолият доранд. Зоҳидон ҳамчун ҳавзаи илмии аҳли суннати ҳанафимазҳаб машҳур буда, ҷавонони зиёди тоҷик дар он шаҳр таҳсил кардаанд.

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. GeoNames (ингл.) — 2005.


Шаҳрҳои устони Систон ва Балучистон
Бампур | Галмурти | Забалӣ | Зобул | Зоҳидон | Канорак | Мирҷавеҳ | Негур | Некшаҳр | Раск | Саровон | Фануҷ | Хош | Чобаҳор | Эроншаҳр