Зулолии Хонсорӣ
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1615 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Мавлоно Ҳаким Зулолии Хонсорӣ (форсӣ: زلالی خوانساری) маъруф ба Нозукхиёл (Хонсор, Устони Исфаҳон — 1615) — шоири машҳури нимаи дуввуми асри 16 ва ибтидои асри 17 Эрон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулолии Хонсорӣ дар шаҳри Хонсор ба дунё омада, дар ҳамон ҷо таҳсили илм кардааст. Ӯ бо ҳакими маъруф Мир Муҳаммадбоқир Домод робитаи бисёр наздик ва дӯстона дошта, дар маснавиҳои худ ӯро ситоиш намудааст. Зулолии Хонсорӣ баъди дар шоирӣ ном баровардан ба дарбори Шоҳ Аббоси I (1587—1629) роҳ ёфта, дар муҳити адабии дарбор нуфузу эътибор пайдо мекунад. Ӯ марди дарвештабиат, зебо ва покахлоқ буда, табъи равон, фикри саршор, рӯҳи ҷӯё ва маҳорати баланди суханварӣ доштааст. Мулло Туғрали Машҳадӣ ба эҷодиёти Зулолии Хонсорӣ чунин баҳо додааст:
Ба шохи гулбуни нозукхаёлӣ,
Наёмад андалебе чун Зулолӣ.
Зи шавқи нағмаи он тозабулбул,
Мақоми гӯш меҷӯяд лаби гул.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Зулолии Хонсорӣ аз худ осори манзуми зиёде ба мерос гузоштааст, ки аксари онҳо қасидаву маснавиҳоянд. Аммо тозахаёлӣ ва маҳорати шоирии ӯ бештар дар маснавиҳояш намудор аст ва маҳз ҳамчун шоири маснависаро шинохта шудааст. Мутобиқи эътирофи Зулолии Хонсорӣ ӯ дар маснависароӣ ба Низомии Ганҷавӣ пайравӣ карда, мехостааст, ки дар татаббӯи «Хамса»-и вай панҷ маснавӣ бинависад. Аммо чун шумораи маснавиҳои Зулолии Хонсорӣ монанди «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ба ҳафт расидааст, ӯ онҳоро якҷо зери унвони «Сабъаи сайёра» («Ҳафт сайёра») муттаҳид сохтааст. «Сабъаи сайёра» маснавиҳои «Ҳусни гулусӯз», «Шуълаи дидор», «Сулаймоннома» ё «Сулаймон ва Билқис», «Озор ва Самандар», «Майхона», «Зарра ва Хуршед» ва «Маҳмуд ва Айёз»-ро дар бар мегирад, ки онҳо дар пайравии маснавиҳои Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва Ҷомӣ дар баҳрҳои гуногун навишта шудаанд. Баъзе адибон «Сабъаи сайёра»-и Зулолии Хонсориро «Ҳафт ошӯб» гуфтаанд. Мавзӯи асосии ин маснавиҳо ишқи романтикӣ ва ахлоқию ирфонӣ буда, Зулолии Хонсориро дар таърихи адабиёти форсизабони олам машҳур гардонидаанд. Аз миёни маснавиҳои мазкур машҳуртаринашон «Маҳмуд ва Айёз» мебошад, ки ишқи султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ғуломи ӯ Айёзро инъикос менамояд. Ин маснавӣ дорои 4862 байт буда, дар имтидоди 23 сол (1593—1616) таълиф шудааст ва бо мурури айём мавқеи маснавиҳои дар ин мавзӯъ навиштаи Фахруддин Алии Сафӣ (фавт 1532) ва Аниси Шомлуро (фавт 1606) танг намуда, шуҳрати фаровон пайдо кардааст. Шоирони форсизабони Ҳиндустон Шайх Абулҳусайн ва Шайх Алӣ Нақии Гумраҳ ҳамаҳди Зулолии Хонсорӣ буданд ва дар ҷамъоварии осори шоир саъйи бисёр намуда, куллиёти ашъори ӯро мураттаб сохтаанд. Мавлоно Туғрои Машҳадӣ ба ҳафт маснавии «Сабъаи сайёра»-и Зулолии Хонсорӣ бо унвони «Ошӯбнома» дебочае навишта, ба ҳар як маснавии ӯ баҳои баланд додааст. Дар яке аз нусхаҳои дастнависи куллиёти Зулолии Хонсорӣ, ки дар китобхонаи Индиа оффис (Indiа оffice) маҳфуз аст, як маснавии дигари шоир ҷой дорад, ки дар пайравии маснавии Саноӣ навишта шудааст. Аз миёни маснавиҳои Зулолии Хонсорӣ то кунун танҳо «Маҳмуд ва Айёз» ду дафъа дар Ҳиндустону Эрон ба табъ расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулолии Хонсорӣ / А. Алимардонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зулолаи Хонсорӣ. Сабъаи сайёра. Дастнависи № 1061-и Ганҷинаи дастхатҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- H. Ethe. Catalogue of Persian manuscripts in the Library of the India office. Vol. I. Oxford, 1903.