Jump to content

Зулфин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зулфин, зулфак, зурфин, зулфӣ, зулфинак — ҳалқаи занҷири дару дарвоза ва сандуқ. Сохтан ва истифодаи зулфин аз қадим маъмул буд. зулфин аз оҳан, мис ва дигар филиззот сохта мешавад. Дар гузашта барои дару дарвозаҳои калон зулфинҳои чубӣ низ истифода мешуданд. Қуфлро аз ҳалқаҳои зулфин мегузаронанд ва дар байн ё болодарии сандуқ ё дар бо мех насб мекунанд. Зулфинҳое низ истифода мешаванд, ки ҳалқаҳои занҷираи онҳо 20-30 см ва баъзан аз ин ҳам дарозтаранд. Вобаста ба усули истифодабарӣ зулфин шакл ва андозаи гуногун дорад. Зулфин таъйиноти ороишӣ низ дошта, баъзан ҳаккокӣ мешавад.