Зулфи тило

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зулфи тило, зулфи зар — як навъ маснуоти заргарӣ; ашёи ороишии занон.

Зулфи тило аз ду ресмони дарозиаш 1 м ва қуббаи нуқрагини устувонашакл иборат буда, қисматҳои мухталифи он бо овезаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва пӯпакчаҳо оро дода мешуд. Онҳоро дар занҷираҳо пай дар пай мебастанд. Навъи дигари зулфи тило дарозшакл (8–9 см) ва аз найчаи нақшдор иборат буд, ки дар охираш кунгура (ғуппа)-ҳо пайваст карда мешуданд. Барои ороиш дар кунгураҳо марворид мечаспонданд. Баъзан аз дохили қисми найчашакли Зулфи тило бастаи мӯй (зулф)-ро мегузаронданд. Зулфи тилоро ба пешонабанд дар шакли уфуқӣ ё амудӣ дӯхта, пӯпакчаҳоро баробари рухсора меовехтанд. Дар гузашта зулфи тилоро аз нуқра месохтанд ва ба рӯяш оби тило медавонданд. Унсурҳои алоҳидаи он аксаран зарҳалкорӣ мешуд. Зулфи тилоро, маъмулан, якҷо бо «моҳи тило» (ашёи ороишӣ-зинатии пешонаву рӯй) меовехтанд. Зулфи тило аз қадим қисми муҳимми либоси занон маҳсуб ёфта, ба ҷузъи ҷиҳози арӯсӣ дохил мешуд. Бештар дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Панҷакент ва ғ. маъмул буда, то нимаи дуюми асри 19 истифода мешуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]