Зулҳиҷҷа
Зулҳиҷҷа, Зулҳаҷҷа (арабӣ: ذو الحجة), Зилҳиҷҷа, Залҳиҷҷа, Зиҳиҷҷа — моҳи дувоздаҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ, ки миёни зулқаъда ва муҳаррам аст; охирин моҳ аз «моҳҳои маълум» — «ашҳурун маълумот» (Қуръон, 2:197), ки рӯзи аввали шаввол оғоз ва 10-уми зулҳиҷҷа анҷом меёбанд. Зулҳиҷҷа 29 рӯз аст, магар дар соли кабиса ба он як рӯз афзуда, 30 рӯз мешавад.
Пеш аз ислом бо номҳои Мусбил, Наъас ва Бурак низ маълум буд. Дар исми ахир ишораест ба бурук (сина ба замин гузошта хобидан)-и шутур барои наҳр (қурбонӣ). Тақрибан соли 412 дар аҳди Килоб ибни Мурра, бинобар баргузории ҳаҷ ҳар сол дар он, чунин номгузорӣ шуд. Зулҳиҷҷа дар рӯзгори ҷоҳилият дуввумин моҳ аз чаҳор «моҳи ҳаром» дар канори раҷаб, зулқаъда ва муҳаррам ба шумор мерафт, ки ҷанг кардан дар онҳо манъ буд. Дар ислом низ ин расм, бо истинод ба оятҳои Қуръон (аз ҷумла, 2:217; 9:5), пазируфта шуд. Ба гуфтаи Берунӣ, «араб хостанд, ки ҳаҷҷи эшон ҳам ба зилҳиҷҷа бошад ва ҳам ба хуштарин вақте аз сол ва фарохтарин гоҳе аз неъмат ва зи ҷой наҷунбад, то тиҷорат ва сафар бар эшон осон бувад» («Китобу-т-тафҳим ли авоили синоати-т-танҷим», саҳ. 133). Бо ин мақсад аз ҷуҳудон, ки дар Ясриб (Мадина) ҳамсояашон буданд, кабисаро омӯхта, моҳҳоро ба таъхир меандохтанд ва ҷои онҳоро иваз мекарданд (нигар насӣ), то ин ки соли 631 ислом амали мазкури онҳоро ботил кард.
Дар рӯзҳои муайян аз зулҳиҷҷа аҳкому воҷиботи маносики ҳаҷ анҷом дода мешаванд. Чунончи, аз шартҳои сиҳҳати ҳаҷ ба қасди ҳаҷ эҳром бастани ҳаҷгузор рӯзи 8-уми зулҳиҷҷа аз Макка ва яке аз фарзҳои ҳаҷ вуқуфи ҳаҷгузор дар Арафот рӯзи 9-уми зулҳиҷҷа аст. Рӯзҳои адои маносики ҳаҷ дар моҳи зулҳиҷҷа номҳои хос доранд, аз ҷумла, рӯзи тарвия — 8-уми зулҳиҷҷа, рӯзи Арафа — 9-уми зулҳиҷҷа, иди Қурбон (гӯспандкушон, рӯзи наҳр) — 10-уми зулҳиҷҷа, айёми ташриқ (айёми Мино) — 11, 12 ва 13-уми зулҳиҷҷа, рӯзи қарр (осоиш) — рӯзи истиқрори ҳоҷиён дар Мино ва даранг карданашон дар он ҷо барои рамйи ҷимор (андохтани сангрезаҳо) — рӯзи 11-ум, рӯзи нафр ва нафри аввал (парокандашавӣ — аз Мино ба Макка омадани мардум) — рӯзи 12-ум, рӯзи нафри ахир (садар, ҳасба) — рӯзи 13-уми зулҳиҷҷа
Баъзе муфассирон таъбири «айёмун маъдудот» — «рӯзҳои башумор» (Қуръон, 2:203)-ро даҳаи аввали зулҳиҷҷа донистаанд, вале ба назари қисми дигар ин даҳа дар таъбири «айёмун маълумот» — «рӯзҳои донисташуда» (Қуръон, 22, 28) манзур аст. Тибқи маълумоти Берунӣ, «даҳаи аввали ин моҳро айёмун маълумот ва ҳурум гӯянд. Ва мегӯянд, он даҳ рӯзе, ки Худованд ваъдаи Худро бо Мусо итмом намуд, ҳамин даҳ рӯз аст» («Осору-л-боқия», саҳ. 384—385). Ҳамчунин тибқи андешаи иддае, мурод аз таъбири «лаёлин ашр» — «шабҳои даҳгона» (Қуръон, 89:2), ки Худованд ба онҳо савганд ёд кардааст, 10 рӯзи аввали зулҳиҷҷа аст.
Фақеҳони ҳамаи мазҳабҳои исломӣ рӯза гирифтан дар 8 рӯзи нахустини моҳи зулҳиҷҷа (барои ҳаҷгузорону ғайри онон), нуҳуми зулҳиҷҷа (барои ғайриҳаҷгузорон), ҳама ё бахше аз рӯзҳои «моҳҳои ҳаром»-ро мустаҳаб ва дар рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа (гӯспандкушон) ва ду рӯзи баъди онро ҳаром шумурдаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулҳиҷҷа / С. Маҳмадуллоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.