Jump to content

Зуниҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зуниҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зуниҳо (англ. Zuni, Zuñi), су́ни (исп. zuñi [θuɲi]) — халқияти мансуб ба гурӯҳи пуэблои ҳиндутабор дар ҷанубу ғарби ИМА, ки аксарият дар минтақаи Зунӣ, дар ғарби иёлати Ню-Мексико, дар марзи иёлати Аризона иқомат мекунанд.

Шумораи умумиашон зиёда аз 10 ҳазор нафар (2010). Ба забони инфиродии зунӣ (70 %) ва забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Хатташон лотиниасос. Ба боварҳои қадимӣ эътиқод доранд. Фарҳанги анъанавии зуниҳо бо фарҳанги ҳиндуҳои кишоварзи ҷанубу ғарби ИМА умумият дорад. Ба кишти рустаниҳои обӣ ва лалмӣ (ҷуворимакка, лӯбию, каду), ҷамъоварии маҳсулот, шикор (оҳу, ғизол, харгӯш) ва ҳунармандӣ (бофандагӣ, кулолӣ, сабадбофӣ) машғуланд. Шумораи умумии зуниҳо то оғози робитаашон бо испаниҳо (1536) 4-6 ҳазор нафар буд, онҳо дар соҳили д. Зуни (шохоби Колорадои Хурд) ва шохоби он 6 бошишгоҳ (пуэбло) доштанд. зуниҳо расман таҳти тобеияти испаниҳо қарор гирифта, дар шӯриши пуэбло (1680) ширкат карданд. Соли 1692 испаниҳо дубора мавзеъҳои зисти зуниҳо-ро ишғол карда, онҳоро ба як пуэбло (Зуни) кӯчониданд. Кӯшишҳои насронӣ кардани зуниҳо натиҷа надод. Баъди заиф шудани фишорҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ робитаҳои зуниҳо бо испаниҳо мустаҳкам шуда, машғулияти филизгудозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва анъанаҳои идории онҳоро омӯхтанд. Қабилаҳои апачиҳо ва наваҳоиҳо (ташаккулёбӣ: асрҳои 15-16) дар асппарварӣ ва гӯсфандпарварӣ рақиби асосии зуниҳо буданд. Амрикоиҳо дар сарнавишти зуниҳо таъсири ҷиддӣ надоштанд. Соли 1877 дар заминаи қаламрави сукунати зуниҳо минтақаи мамнӯъ (резерватсия) ташкил ёфт. То ибтидои асри 20 ҳокимияти он тавассути Шӯро (иборат аз 6 роҳиби калон) амалӣ шуда, ҳар сол «губернатор» ва ёварони ӯро таъйин мекард. Аз ибтидои асри 20 дар байни Шӯрои роҳибон ду гурӯҳ муҳофизакорон (католикӣ) ва тараққихоҳон (зиддикатоликӣ) ба вуҷуд омаданд. Дар байни ҳиндуёни ИМА зуниҳо аввалин шуда конститутсияи қабилавӣ қабул карданд (1970), ки тибқи он ҳокимият аз Бюрои федералӣ оид ба умури ҳиндуҳо ба ихтиёри «губернатор» ва Шӯрои қабила гузашт. Аксарияти онҳо маълумоти олӣ доранд. Баъзе ҳунарҳои анъанавии зуниҳо — бофандагӣ ва сабадбофӣ тадриҷан аз байн рафтанд.