Jump to content

Зурунг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зурунг
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ononis arvensis L., 1759
Мутародифот
Ononis spinosa subsp. hircina

Зурунг, хори зурунг, хоргулак (лот. Ononis arvensis) — рустаниест бисёрсола, мансуби лӯбиёиҳо.

Тиррешааш дарози чӯбмонанд, мағзаш сафед. Пояаш рост (30-80 см қад мекашад), сершоха, бӯи хосса дорад. Баргаш паиҳам, сабзи сиёҳтоб, дандонадор. Гулаш дуҷинса, 5-баргаи парвонашакл, гулобӣ ё сафеди гулобитоб (дарозиаш 15-20 мм). Хӯшагулаш (дарозиаш то 22 см) сергул, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Ғилофакаш гирд ё байзашакли 2-4- тухма; тухмаш мудаввар ё гурдашакл (дарозиаш 3-3,2 ва бараш 2-2,2 мм), дорчинӣ ё бӯртоб (вазни 1000-тоаш 5,5-6,5 г). Қобилияти сабзишашро 2-3 сол нигоҳ медорад. Зурунг моҳҳои июн — июл гул карда, тухмаш июл — сентябр мепазад. Зурунги худрӯй дар минтақаҳои дашт ва бешадашти Қафқоз, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ дучор меояд. Дар Тоҷикистон бештар дар арчазорҳо ва даштҳои зулзада (трагакант)-зори қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ (дар баландии 2000—2700 м аз с. б.) месабзад. Онро дар соҳили рӯд ва киштзорҳо низ метавон дучор омад. Зурунг дар Руссия ва баъзе кишварҳои Аврупо чун рустании доруӣ парвариш карда мешавад. Онро аз тухм рӯёнида зиёд мекунанд. Тухмаш то 2-3 сол қобилияти сабзиш дорад. Барои табобат бештар решаи зурунг истифода мешавад. Онро тирамоҳ аз хок кофта гирифта, шоху навдаи зиёдатиашро мебуранд, сипас шуста дар ҷойи хушк ва шамолрас нигоҳ медоранд. Дар таркиби решаи зурунг гликозидҳо (ононин, оноспин ва ғ.), моддаҳои даббоғӣ, Ca, Mg, Cn, Ti, U ва ғ. мавҷуданд. Аз он нақеъ ва дигар доруҳо тайёр мекунанд. Ҷӯшобаи решаи зурунг барои муолиҷаи бавосир нофеъ аст, гардиши хун ва кори дилро метезонад, хунравиро боздошта, пешобро меронад. Табибони мардумӣ бо он тарбод, бавосир, иллати меъда ва рӯдаҳоро табобат мекунанд; чун доруи арақрон низ маъруф аст. Дар тибби илмӣ нақеи решаи зурунг (1-чумчагӣ рӯзе 2-3 бор) барои муолиҷаи бавосир, боздоштани хунравӣ, мулоим кардани дарун истифода мегардад. Бо ин мақсад 30 г решаи резакардаро дар 1 л об (то нисф шудани он) меҷӯшонанд. Сипас даворо полида, рӯзе 3 бор пеш аз хӯрок (1,5-чумчагӣ) меошоманд (2-4 ҳафта).