Jump to content

Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури Викидода мавҷуд нест

Зуфонгӯё ва Ҷаҳонпӯё (форсӣ: زفان گویا و جهان پویا‎) ё «Зафони гӯё ва ҷаҳони пӯё» — фарҳанги тафсирии форсӣ, таълифи Бадруддини Иброҳим.

Мушаххассот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номҳои дигараш «Ҳафтбахшӣ» ва «Нусхаи Зуфонгӯё». Дар «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» ба «Фарҳанги Фахри Қаввос» (итмоми таълифаш 1301) истинод шудааст ва дар навбати худ он ҳамчун сарчашмаи фарҳангҳои баъд аз худ: «Баҳру-л-фазоил» (таълифаш тахминан 1433), «Фарҳанги иброҳимӣ» (1473), «Туҳфату-с-саодат» (1510), «Муайиду-л-фузало» (1519), «Фарҳанги шерхонӣ» (1543), «Мадору-л-фозил» (1592), «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ» (1608), «Маҷмаъу-л-фурс» (1619) ба шумор меравад. «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» дар ҳудуди асри 14 таълиф шудааст. Теъдоди луғоти ин фарҳанг нисбат ба луғоти фарҳангҳои пешин, аз ҷумла «Луғати фурс», «Сиҳоҳу-л-фурс», «Меъёри ҷамолӣ» бештар буда, он тақр. 5100 воҳиди луғатро дар ҳафт бахш фаро гирифтааст ва ҳар бахш дар навбати худ аз рӯйи ҳарфи аввали калимаҳо ба гуна (боб)-ҳо ва гуна аз рӯйи ҳарфи охири калимаҳо ба баҳр (фасл)-ҳо тақсим мешаванд. Бахши аввал калимаҳои яктаркибаи дарӣ ва паҳлавӣ (диж, дос, дес, сипеҳр, меғ, ял), бахши дуввум калимаҳои дутаркибаи дарию паҳлавӣ (обгир, бодбезан, ҳазордастон), бахши севум масдарҳои дарӣ ва паҳлавӣ (ангехтан, андудан, гаравидан, монистан, ҳиштан), бахши чаҳорум калимаҳои тозӣ-арабӣ (абраш, шараф, сит, қалъа, насим), бахши панҷум калимаҳои мухталифи арабӣ, дарӣ ва оромӣ (унмузаф, буқаламун, узро, қазоғанд, ялдо), бахши шашум калимаҳои румӣ, юнонӣ, лотинӣ, суриёнӣ (файласуф, арғанун, ноқус, қонун), бахши ҳафтум калимаҳои туркӣ (оғо, улуғ, хотун, қоз) ва бахши хотимавӣ истиорот ва киноётро дар бар гирифтааст. «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» бо ҷиҳатҳои хосси худ барои таълифи фарҳангҳои баъдӣ (то асри 17) таъсир расондааст. Муаллифи пешгуфтори асар дар муқаддима оид ба сабаби таълифи ин фарҳанг мегӯяд, ки аз як тараф аксари фарҳангҳои форсӣ бо чунин тартиби таърифашон ниёзи хонандаро бароварда натавонистанд ва аз сӯи дигар «бархе аз дӯстони ҳамдилу ҳамроз ва ҳамнишину ғампардоз» аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки барои осонтар кардани кори мардум фарҳангномае бинависад. Муаллиф ноилоҷ дархости онҳоро пазируфт ва «…ҳар чӣ дар забони тозӣ ва порсӣ ва паҳлавӣ ва дариву юнонӣ ва туркӣ ва ҷуз он буда…» ҳамаро дар ин фарҳанг гирд оварда, номи онро «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» ниҳодааст. Аз «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» чор нусха боқӣ мондааст: 1) Нусхаи № 3570 Китобхонаи Худобахши Бонкипури Патна, ки соли 1543 китобат шудааст. 2) Нусхаи Музейи миллии Покистон, Карочӣ, таҳти № N. M. 1972 −104 (таърихи китобаташ маълум нест). 3) Нусхаи донишгоҳи Тошканд, таҳти рақами В09/292 ва № 214014, соли китобат 6 августи 1711. 4) Нусхаи Китобхонаи Маҷлиси Сино, зери унвони «Фарҳанги панҷбахшӣ». Нусхаи аксии ин дастнавис дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон дар радифи фарҳангҳои форсӣ бо номи «Фарҳанги луғоти фурс» нигоҳдорӣ мешавад. Асар барои омӯхтани таърихи фарҳангнигори (лексикография)-и тоҷик муҳим аст. «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё» то солҳои наздик дастрас набуд. Соли 1964 шарқшиноси шӯравӣ С. И. Баевский аз фонди дастнависҳои китобхонаи донишгоҳи Тошканд як нусхаи бе муқаддима ва ноқису иштибоҳомези онро дарёфт карда, онро бо нусхаи китобхонаи Бонкипури Ҳиндустон муқоиса кард ва баъдан аз рӯи ин ду нусха дар ш. Маскав фарҳанги навро бо пешгуфторе бо забони русӣ (соли 1974) ба табъ расонд. Соли 1989 муҳаққиқи покистонӣ Назири Аҳмад қисми аввали «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё»-ро дар асоси нусхаи нисбатан комили Китобхонаи Худобахш ва муқобалаи он бо нусхаи донишгоҳи Тошканд дар як ҷилд бо муқаддима, ҳошияҳо ва феҳристи алифбоии луғот бо муқаддимаи англисӣ бо номи «Фарҳанги зафонгуё» чоп кард. Ӯ нусхаи дигари ин фарҳангро дар Музейи миллии Покистон, дар Карочӣ пайдо карда, аз нусхаи дуввум то охир дар муқоиса бо се нусхаи дигар соли 1998 ҷилди дуввуми «Зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё»-ро ба табъ расонд.