Зуҳал (худо)
Мифология | ancient Roman religion[d] |
---|---|
Пол | мард |
Отец | Caelus[d] |
Мать | Terra[d] ё Hecate[d] |
Братья и сёстры | Ops[d] |
Супруг(а) | Ops[d] |
Дети | Janus[d], Jupiter[d], Pluto[d], Neptune[d], Veritas[d], Hymnus[d], Felix[d], Faustus[d], Ceres[d], Juno[d], Веста ва Glauca[d] |
В иных культурах | Chronos[d], Cronus[d] ва Saturn[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зуҳал, Сатурн (лот. Saturnus) — дар адён ва асотири Руми Бостон худои замин ва кишт.
Мувофиқи қиссаву ривоятҳо шуғли кишоварзӣ, боғдорӣ ва токдорӣ тавассути Зуҳал дар Италия маъмул гардид. Зуҳал шоҳи қадими Латсия ба шумор рафта, баъдан аз Юнон ба Италия муҳоҷират кард. Аҳди ҳукмронии Зуҳал ҳамчун асри тилоӣ тавсиф мешавад, ки одамон аз осоиштагии сиёсӣ, сулҳ, баракат ва баробарии иҷтимоӣ бархӯрдор буданд. Ба шарафи ӯ ҳар сол, ҳангоми хотима ёфтани мавсими ҳосилғундорӣ, ҷашни Сатурнал ё ҷашни худои Зуҳал баргузор мешуд (17-23 декабр), ки ба Меҳргон айният дошт. Дар ҷашни Сатурнал одамон ба якдигар туҳфаҳои нафис ҳадя мекарданд. Зуҳал дар фарҳангу осори нуҷумии мардуми Шарқ ҳамчун наҳси акбару кундрав тасвир ёфта, онро ба кавкаби пирону деҳқонон, хонадонҳои қадим, ғуломони сиёҳ, саҳронишинону зоҳидони беилм нисбат додаанд, ки сифатҳои макру кина ва ҷаҳлу ситезакорӣ ба ӯ хос буд. Симои Зуҳал дар санъати рассомӣ ҳамчун пирмард тасвир мешавад, ки дар дасти чапаш дос ва дар дасти росташ дастаи гандум дорад. Зуҳал дар шеъри форсӣ бештар бо мафҳумҳои наҳси акбар, барид, посбони фалак ва ғ. тасвир шудааст.
Аз шумо наҳс мешаванд ин қавм,
Туҳмати наҳс бар Зуҳал маниҳед.Хоқонӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳал // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.