Ибекс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибекс
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Capra ibex Linnaeus, 1758
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Бузи кӯҳии алпӣ[1], ё бузи алпӣ, ё ибекс, стейнбок (лот. Capra ibex) — ҷонварест ширхори ҷуфтсум.

Зоҳиран ба бузи калонҷуссаи кӯтоҳпашм монанд аст. Дарозии танаш 150—171 см, баландиаш (то сари дӯш) 90-101 см, вазнаш 67-115 кг; модинааш нисбатан хурдтар аст. Ибекси нарина риши нисбатан дароз ва шохҳои калон (дарозиаш то 1м)-и каҷ дорад. Сараш паҳни хурд, мӯинааш ҷигарии сиёҳтоб (рангаш дар фасли сармо тиратар мешавад). Ибекс соле 2 бор (апрел ё май ва сентябр) тулак мекунад. Ибекс дар қаторкӯҳҳои Алп (Олмон, Швейсария, Австрия; дар баландии 1800-3300 м аз с. б.), ҳамчунин дар Булғория ва Словения болотар аз минтақаи беша зиндагӣ мекунад. Ғизояш баргу навдаи буттаву рустаниҳост. Бештар дар нимаи дуввуми рӯз ба ҷойҳои баланд барои чаро мебарояд. Давраи гушнаш тирамоҳ, 1-2 бача мезояд. Ибекс дар табиат тақр. 20 сол умр мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Банников А. Г., Флинт В. Е. Отряд Парнокопытные (Artiodactyla) // Жизнь животных. Том 7. Млекопитающие / под ред. В. Е. Соколова. — 2-е изд. — М.: Просвещение, 1989. — С. 503. — 558 с. — ISBN 5-09-001434-5

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]