Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Баввоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Баввоб
Таваллуд асри X
Даргузашт 1022[1]
Пеша illuminator, хушнавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ибни Баввоб, Абулҳасан Алоуддин Алӣ ибни Ҳилол (форсӣ: ابوالحسن علاءالدین علی بن هلال‎; асри X, Бағдод1022[1], Бағдод) — хушнавис ва музаҳҳиби маъруфи форс-тоҷик

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли таваллуд ва зодгоҳаш маълум нест, аммо бештари зиндагиашро дар Бағдод гузаронидааст. Падараш Ҳилол дарбон ва пардадори Бувайҳиён буд, бинобар ин ӯро «Ибни Сатрӣ» ва «Ибни Баввоб» гуфтаанд. Хушнависиро аз Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Асади Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Самсонӣ ва Абубакр Аҳмад ибни Сулаймон Наҷод омӯхтааст. Ибни Баввоб пеш аз он ки хушнавис шавад, ба наққошӣ ва нигоргарии хонаҳо машғул буд. Сипас ба тазҳиби кутуб пардохта, саранҷом ба китобат рӯй овард. Дар хушнависӣ ба пояе расид, ки ягонаи рӯзгори хеш гардид. Ба гуфтаи Ибни Халикон ва Заҳабӣ аз мутақаддимин ва мутааххирин касеро наметавон ёфт, ки чун ӯ ё наздик ба хатти ӯ нависад. Навиштани 16 навъи хатро ба ӯ мансуб медонанд. Бахусус хатҳои сулс, муҳаққақ, райҳон, тавқеъ, насх, риқоъро хеле хуб менавишт ва дар такмили онҳо саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар хатти насх ислоҳоте ба вуҷуд оварда, шаклҳое аз хатти сулсро ба он дохил кард, зеро ин хат то давраи Ибни Муқла мутаассир аз қоидаҳои хатти муҳаққақ буд. Ибни Баввоб қурсӣ (мутаносибии қисмҳои ҳарф дар сатр), ташмир (усули кашидани думи ҳарфҳо), сууду нузул (усули болову поин кашидани унсурҳои ҳарф) барин қоидаҳои хушнависиро муайян намуд, ки бо номи «Равияи Ибни Баввоб» машҳур аст. Ибни Баввоб ба ислоҳи хатти мансуб (хатте, ки ҳар як ҳарфи он аз лиҳози вазъу андоза ба ҳарфи алиф мутаносиб аст) пардохта, бо биниши ҳунармандона ба таносуби ҳандасии ҳуруфи он зебоӣ ва ҷилва бахшид. Аз ӯ осори андаке, аз ҷумла «Девони ашъору-л-ҳовара», рисолае аз Ҷоҳиз бо хатҳои сулс ва насх (дар Осорхонаи исломии Истанбул маҳфуз аст), ду нусхаи девони шоири ҷоҳилӣ Саломат ибни Ҷандал (яке дар Турқописаройи Истанбул, дигарӣ дар Осорхонаи турк ва ислом нигоҳдорӣ мешавад) боқӣ мондааст. Ибни Баввоб асосан ба китобати Қуръон машғул шудааст. Ӯ 64 нусхаи Қуръонро китобат кардааст, вале ягона нусхаи комили Қуръони маҷид бо хатти ӯ дар китобхонаи Честер Битти (Сhester Beatty)-и Дублин нигоҳдорӣ мешавад, ки соли 391 қамарӣ/1001 м бо хатти насхи омехта бо райҳон китобат шудааст. Ашъоре низ дар фанни хат ва лавозими он сурудааст. Ибни Баввоб шогирдони бисёре тарбият кардааст. Ёқути Мустаъсимӣ аз ҷумлаи шогирдони муваффақи ӯст.

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  • Blair, Sheila. (2006). Islamic calligraphy. Edinburgh: Edinburgh University Press. pp. 162—168. ISBN 978-0-7486-1212-3. OCLC 56651142.
  • Tabbaa, Yasser (1991). «The Transformation of Arabic Writing: Part I, Qur’anic Calligraphy». Ars Orientalis. 21: 127.