Ибни Масеҳо
Ибни Масеҳо | |
Таърихи таваллуд | 655 |
Зодгоҳ | Исфаҳон |
Таърихи даргузашт | 715 |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ибни Масеҳо (Масеҳои Хонанда; 655, Исфаҳон — 715, Бағдод) — овозхон, мусанниф, мусиқидон ва шоири арабинависи эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодаи Исфаҳон. Мусиқӣ, шеър, сознавозӣ ва овозхониро аз падараш омӯхта, барои такмили пеша назди устодони мусиқии Хуросону Мовароуннаҳр рафта, дар ҳунарварӣ камолот ёфт. Чанд муддат барои ҷамъоварию омӯзиши мусиқӣ ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сафарҳои эҷодӣ карда, намунаҳои зиёди шеъри рубобӣ (таронаҳои мардумӣ) гирдоварӣ намуда, маҷмӯае бо номи «Китоб-ал-оғони-ал-Аҷамия» навиштааст. Ибни Масеҳо баъди сафари эҷодӣ рӯ ба марокизи хилофат намуда, дар шаҳрҳои Димишқу Бағдод бо гурӯҳ, дастаҳои ҳунариёни эронитабор ҳамкорӣ карда, дар заминаи дастону навоҳои «Хусравонӣ» (аз Ҷавонияи Форс, Шаҳдаи Форс, Сулаймони Форс равиши иҷрои сабки бостонӣ-аҷамӣ омӯхт) корҳои ҷолиби ҳунарӣ анҷом медиҳад. Дар Бағдод баробари ромишгарӣ ба таҳқиқи мусиқӣ пардохта, дар заминаи тарҷумаю тафсир, тасҳеҳи осори муси-қидонони юнонӣ корҳои мандагори таҳлилӣ ан-ҷом дода, дар иртибот ба ин мавзӯъ рисолаҳои бо номи «Китоб-ал-мухтор-ал-оғонӣ-ал-Аҷам вал Араб», «Китоб-ал-мунтахабот-ал-оғонӣ» нигошта, нуктаҳои ҷолибе дар он гунҷонидааст (ибни Надим, «Ал-феҳрист»). Ибни Масеҳо дар навиштаҳояш дар заминаи донишҳои амалию назарии мусиқии Шаҳдаи Форс, Сулаймони Форс ва дигарон роҷеъ ба мусиқии замони Сосониён (222—651) ба хулосаҳои тоза дастёб шуда (Ибни Надим), дар мусиқӣ пайравони зиёде доштааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 79 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абӯлфараҷ Исфаҳонӣ, Китоб-ал-оғонӣ, Миср 1900—1905;
- Ибн Надим, Ал-феҳрист, Теҳрон, 1346;
- Шаъбонӣ А. Аз Куруш то Паҳлавӣ, Шероз, 1346;
- Ма-шҳун Ҳ. Тахрихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.