Ибни Сурайё
Ибни Сурайё (670, Макка — 726, Мадина) — овозхон, мусиқидон ва ва оҳангсози эронитабори аҳди уммавӣ.
Асосҳои сознавозӣ, овозхониро аз падараш (Абӯяҳё пури Убайд), ки марди донишандӯхтаю фарҳехта буд, омӯхт. Сабк, дониши мусиқиашро дар заминаи мусиқӣ, фарҳ-анги ниёконаш (эрониён) тадвин намуда, равиши кӯки созашро ҳам дар тартиби кӯки бостонӣ (эрониён) мураттаб мекардааст. Аз мубаллиғон, пайравону муққалидон, идомадиҳондагони сабки иҷроии бостон (ал-қадимат-ал-аҷамия) буда, дар дарбори хулафои араб бар ин равиши эҷоду иҷро ҳунарнамоӣ мекардааст ва арабҳо ӯро «ал-муғаннин ила тариқат-ал-аҷамия» ном бурдаанд мусиқии аҳди хилофат низоми иҷроиро(вақт, замон) гурӯҳбандӣ карда, бештар дар маросимҳо сознавозӣ, овозхонӣ карда, асарҳояшро дар ирти бот маросимҳои мардумӣ эҷод кардааст. Дар жанри марсия (марсияхонӣ) шуҳрати зиёд касб карда, таснифоташро бар пояи сурудҳои ниёишии бостон месохта, дар ҳавза, гурӯҳҳои ҳунарии Макка Мадина, Бағдод ин анвои мусиқиро роиҷ намуда аст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 82 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нафисӣ С. Таърихи назму наср., Теҳрон,1344;
- Шаъбонӣ А. Аз Куруш то Паҳлавӣ, Шероз, 1346;
- Дар Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ. 1. Теҳрон, 1373;
- Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;
- Деҳҳудо, Фарҳанги Деҳҳудо, Теҳрон, 1377;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.
- Номномаи мусиқии Эронзамин, Техрон, 1376.