Ибни Ямини Шибурғонӣ
Ибни Ямини Шибурғонӣ (форсӣ: ابن یمین شبرغانی) мутахаллис ба Огоҳӣ (форсӣ: آگاهی; ? — 1596, Шибурғон) — шоири мутасаввифи форс-тоҷик.
ЗИндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Чанд гоҳ дар Бухоро таҳсили илм карда, ба қавли Мутрибӣ («Тазкирату-ш-шуаро») «дар ҳамаи улум мунтахаба гардидаанд ва симое дар илми тасаввуф яди байзо (муъҷиза) менамуданд». Ҳангоми таҳсил ба хидмату суҳбати мавлоно Хоҷагии Косонӣ (фавт байни 1542-49) муваффақ гардида, яке аз халифаҳои ӯ шинохта мешавад. Пас аз бозгашт дар Шибурғон масҷиду мадраса ва хонақоҳе бино карда, ба тадрису иршод машғул мешавад. Назар ба маълумоти Муҳаммад Яъқуби Воҳидӣ «Умарову ҳуккоми вақт ба Ибни Ямини Шибурғонӣ иродат доштанд ва ҳамвора аз маҷолису баёноти вай баҳраманд буданд, то ин ки дар соли 1005 ҳиҷрӣ вафот ёфт ва дар ҷавори хонақоҳаш, ки дар самти шимолу ғарби Шибурғон воқеъ аст, мадфун гардид. Мазори Ибни Ямини Шибурғонӣ дорои гунбадест ва мазори хоссу ом мебошад». Аз Ибни Ямини Шибурғонӣ илова ба маснавиҳои «Ҳафт маҷлис» ва «Маҷлисафрӯз», ки аз масъалаҳои гуногуни тасаввуф баҳс мекунанд, девони ашъоре боқист, ки аз ғазал, тарҷеъбанд, мухаммасу мустазод, рубоӣ ва ғайра иборат буда, тақрибан 3 ҳазор байтро дар бар гирифтааст. Ашъори Ибни Ямини Шибурғонӣ асосан ирфонист. Як идда муҳаққиқон, хусусан шарқшиносон, иштибоҳан девони И.-ро ба Ибни Ямини Фарюмадӣ нисбат додаанд. Мутрибӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» менависад, ки Ибни Ямини Шибурғонӣ рисолаи «Ҷоми ҷаҳоннамо»-и Шайх Ваҷеҳуддини Мусавиро шарҳ додааст. Вале ин асар то имрӯз нарасидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ямини Шибурғонӣ / С. Имронов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.