Ибрати Ноинӣ
Таърихи таваллуд: | 1866 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1942 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Муҳаммадалӣ ибни Абдулхолиқ Мусоҳиби Ноинӣ (форсӣ: محمدعلی بن عبدالخالق مصاحبی نائینی), маъруф ба Ибрати Ноинӣ (форсӣ: عبرت نائینی; 1866, Ноин, Устони Исфаҳон — 1942, Теҳрон) — шоир ва тазкиранависи эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаштагонаш аз шаҳри Ноин будаанд. Дар наврасӣ сарфу наҳв, илми хат, маонӣ, баён, бадеъ, мантиқ ва фалсафаро назди донишмандони Исфаҳон омӯхт. Ибрат муддати 17 сол ба шаҳру навоҳии гуногуни Эрон сафар карда, бо бисёре аз бузургону шахсиятҳои фозил ва мазҳабии кишвар мулоқот намуд. Соли 1904 ба Теҳрон омада, то охири умр он ҷо зиндагӣ кардааст. Ибрат рӯзгори фақирона дошт ва аз роҳи китобат касби маош мекард. Ӯ яке аз хаттотони барҷастаи замонаш буд. Дар сурудани ғазал, маснавӣ, қитъа, қасида ва рубоӣ маҳорати баланд дошт, адиби шеършинос ва донандаи барҷастаи адабиёти форсӣ буд. Шеъри Ибрат аз ҷиҳати услуб содаву равон ва дорои мазмуни баланд аст. Ғазалу қасидаҳояш мазмуни ирфонӣ доранд ва дар онҳо аз вазнҳову қофияҳои душвор истифода шудааст. Ҳабиби Яғмоӣ зимни нақди ғазалиёти Ибрат, ӯро пайрави мактаби Фурӯғи Бастомӣ медонад. Аз Ибрат маснавиҳои ҳанӯз мунташирношуда, ба мерос мондааст.
Осори боқимонда
[вироиш | вироиши манбаъ]- Девони ашъор, ки аз ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ ва тарҷеъбанд иборат аст. Бештари девони ӯро ғазалҳояш ташкил медиҳанд. Нусхаи хаттии аслии девони Ибрат дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон (№ 2467) маҳфуз аст ва онро худи шоир дар 416 сафҳа бо хатти зебои насх китобат кардааст. Ин девон аз 6300 байт ва навъҳои адабии зер иборат аст: қасидаҳо дар ситоиши имомон, тавсифи табиат, баҳор ва дигар масъалаҳои рӯз; қитъаот, ғазалиёт, тарҷеъот ва маснавиёт. Маҷмӯаи ашъораш бо номи «Девони Ибрат» (Теҳрон, 1966) ва баъдтар чанд бор дар шакли номукаммал низ ба табъ расидааст.
- «Мадинату-л-адаб» аз машҳуртарин асарҳои Ибрат аст, ки дар ду ҷилд тасниф шуда, дар бораи аҳволи шоирони машҳури муосири ӯ ва намунаҳои муфассали ашъори онҳо ҳамроҳ бо аксҳову намунаи хатҳои онон баҳс мекунад. Ин китоб ба тартиби алифбо мураттаб шудааст, аммо охири он то ҳадде номуназзам аст. Аз ин асар танҳо як нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст, ки дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон нигаҳдорӣ мешавад.
- Тазкираи «Номаи фарҳангиён» дар бораи аҳвол ва намунаи ашъори 34 нафар аз шоирони муосири нависанда. «Номаи фарҳангиён» ба тартиби ҳарфи алифбо мураттаб ва бо хатти насх аз ҷониби муаллиф китобат шудааст.
- «Тазкираи анҷумани Қудс», ки Ибрат дар он маҷмӯаи ашъори 130 шоири қарни XIX-и Эронро дар ситоиши имомон бо як муқаддима гирд овардааст.
- «Оинаи Ибрат дар таҳсили саодат» соли 1950 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Намунае аз ашъори Ибрат:
Омад он ёру сар андар қадам андохтамаш,
Бинишондам зи вафо дар бару бинвохтамаш.
Сари савдозадаам бори гарон буд ба дӯш,
То сабукбор шавам, дар қадам андохтамаш.
Ҳар дам он бут ба либоси дигаре ҷилва намуд,
Ман ба ҳар ҷилва назар кардаму биншохтамаш.
Гуфт: «Ҳоли дили хунини ту бе ман чун аст?»
Гуфтам: Аз оташи ҳиҷрони ту бигдохтамаш.
Шояд ар дӯст ба ҳоли дили ман пардозад,
Ки ман аз ҳар чӣ ҷуз ӯ буд, бипардохтамаш.
Фалак он рӯз ба поям сари таслим ниҳод,
Ки зи абруи ту шамшер ба сар охтамаш.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибрат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.