Jump to content

Иброҳимбек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳимбек
ӯзбекӣ: Ibrohimbek Chaqaboy óģli
Зодрӯз 1889
Таърихи даргузашт 31 август 1931(1931-08-31)
Мансубият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мулло Муҳаммад Иброҳимбек (форсӣ: ابراهیم بک‎; 1889, деҳаи Кӯктош — 31 августи 1931, Тошканд) — яке аз роҳбарони ҳаракати босмачигӣ дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва ҶШС Тоҷикистон, ки бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ муқобала нишон дод.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш оқсақоли деҳа — Чақабой унвони туқсоба дошт. Соли 1919 дар бекии Ҳисор ба унвони қаровулбегӣ соҳиб шуда, сипас амир Олимхон ба ӯ унвонҳои мири девонбегӣ, сардори сипоҳи тӯпзан — тӯпчибошӣ, сарлашкари муборизи зиддишӯравӣ, «сардори лашкари ислом»-ро (1921) тақдим кард. Иброҳимбек дар гуселонидани амир Олимхон ба Афғонистон, қатли муҳофизони қалъаи Кӯлоб, муҳосираи Душанбе (сентябри 1921) ва набардҳои водии Ҳисор, Вахш, Кӯлоб ширкат дошт. Аввали декабри 1921 дар қароргоҳи Иброҳимбек (деҳаи Кӯктош) бо ташаббуси Анварпошо роҳбарони дастаҳои зиддишӯравӣ нақшаи забти Душанберо тарҳрезӣ карданд. Иброҳимбек 10 декабри 1921 ба Душанбе ҳуҷум намуда, то миёнаҳои моҳи феврал шаҳрро муҳосира кард. Солҳои 1921—1926 дар водиҳои Ҳисору Вахшу Кӯлоб бедодгариҳои зиёд анҷом дод ва аксари ҳамроҳонаш аз ӯ ҷудо шуданд. 23 июни соли 1926 ба Афғонистон фирор кард, амир Олимхон 1500 рупия ва Амонуллоҳхон 500 рупия барои ӯ ёрдампулӣ муқаррар карданд. Иброҳимбек дар аҳди ҳукмронии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз Кобул ба Хонобод кӯч баста, баъдан дар амалиёти зидди дастаҳои муштараки афғонӣ ва аскарони сурхи шӯравӣ дар Афғонистон, ки зери фармондеҳии Ғуломнабихони Чархӣ ва атташеи низомии Руссия дар Кобул — Виталий Примаков (1927—1929) сурат гирифт, ширкат дошт. Баъди сарнагун шудани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (ноябри 1929) Иброҳимбек аз ҷониби Нодиршоҳ (ҳукумат 1929—1933) ҷонишини волии Қундуз таъйин гардид. Иброҳимбек баъдан зери фишори доираҳои ҳукмрон Афғонистонро тарк карда, соли 1931 дубора ба қаламрави ҶШС Тоҷикистон ворид шуд.

Артиши Сурх ва дастаҳои ихтиёриён дастаҳои нави Иброҳимбекро торумор карданд. 23 июли 1931 Иброҳимбек дар назди деҳаи Хоҷабулбулон ба дастаи ихтиёрии Муқим Султонов таслим шуда, дар шаҳри Тошканд бо қарори Суди Олии ИҶШС ба қатл маҳкум гардид.