Иброҳими Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: | 1534 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1560 |
Иброҳими Бадахшӣ (форсӣ: ابراهیم بدخشی) ё Абулқосим Мирзоиброҳими Бадахшӣ (1534, Деҳлӣ — 1560, Балх) — шоири форс-тоҷик, фарзанди Сулаймоншоҳ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Волидайнаш аз Бадахшон ба Ҳиндустон рафтанд. Иброҳими Бадахшӣ дар назди шахсиятҳои маъруф, ба монанди Мирҷалолуддин Ҳусайнии Бадахшӣ илм омӯхтааст. Чанд муддат дар дарбори шоҳони Ҳинд хидмат кард. Соли 1560 ҳамроҳи падараш Сулаймонмирзо бо қасди гирифтани Балх ба он ҷо лашкар кашид ва бо ҳукмрони узбек Пирмуҳаммадхон ҷангид. Сулаймонмирзо аз майдон фирор кард, аммо Иброҳиммирзо асир афтод ва сипас кушта шуд. Иброҳими Бадахшӣ ба аҳли фазл эҳтиром дошт ва пайваста онҳоро ташвиқ мекард. Ҳамчунин худ бо тахаллуси «Вафоӣ» ба форсӣ ва туркӣ шеър месуруд. Аз ҷумла дар пайравии Ҷалолуддини Балхӣ маснавие (иборат аз 6 ҳазор байт) таълиф кардааст, ки порчае аз он то замони мо расидааст. Ӯ асарҳои илмӣ низ таълиф кардааст (аз ҷумла шарҳ бар «Нукот»-и Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ). Намунае аз маснавии Иброҳими Бадахшӣ:
Мову ман ҳам гуфтан аз амрат бихост
В-арна моро ин қадар қудрат куҷост?
Рӯҳи ман бо ҷони ҷон андар тан аст,
Ҳарчӣ мегӯям, на ин гуфти ман аст!
Гуфт най бошад замоне дар ниҳон,
Лек аз най бишнаванд аҳли ҷаҳон.
Беҳтар аз най нест кас бо роз ҷуфт,
Ҳар кӣ чун най гашт холӣ, роз гуфт!...
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳими Бадахшӣ / С. Ализода, А. Раҳмонқулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.