Иброҳими Гулшанӣ
Таърихи таваллуд: | 1423 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1534 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | олим |
Забони осор: | туркӣ |
Шайх Иброҳим Гулшании Бардаъӣ (1426, Бардаъ — 1534, Қоҳира) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Табрез таҳсили илм кардааст. Аввалҳо «Ҳайбатӣ» тахаллус дошт, баъдан бо тавсияи пири тариқаташ Умари Равшанӣ (фавт 1486) онро ба Гулшанӣ иваз намуд. Соли 1500 аз ҷаври [[]]Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1502-24) ба Байтулмуқаддас ҳиҷрат намуд. Муддате дар Қоҳира зиндагӣ кард. Соли 1528 бо даъвати шоҳи Рум Сулаймони Аввал ба Истанбул омад ва дубора ба Қоҳира баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷой монд. Асосгузори тариқати «Гулшанӣ» дар тасаввуф будааст, ки ҳоло ҳам дар Мисру Туркия пайравони зиёде дорад. Гулшанӣ адиби зуллисонайн буд ва ба форсиву туркӣ эҷод мекард. Аз ӯ як девону чанд маснавӣ мерос мондааст. Ашъораш мазмунҳои ирфонӣ доранд. «Маснавии маънавия-л-хафӣ»-и (1506) Гулшанӣ дар пайравӣ ба «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ навишта шудааст. Дар маҳфилҳои суфия маъруфият доштааст. Шарҳи ҳоли шоир дар «Маноқиби Иброҳими Гулшанӣ» тафсир ёфтааст, ки ба қалами Муҳйии Гулшанӣ (фавт 1617) тааллуқ дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулшанӣ / А. Афсаҳзод, А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- سعید نفیسی. تاریح نظم و نثردر ایران ودرزبان فارسی. جلد ٢. تهران ١٣٤٤هـ. ش.ر