Иброҳими Урдубодӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Маҳалли даргузашт: |
Иброҳими Урдубодӣ (форсӣ: ابراهیم اردوبادی; Урдубод — Исфаҳон) — шоири форсигӯ, домоди риёзидони маъруфи он давра Муҳаммадбоқири Яздӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар миёнаҳои умр ба Ҳиндустон рафта, ба дарбори Шоҳҷаҳон роҳ ёфт ва масъули тарбияту тадриси фарзандони Ҷаъфархон — вазири Шоҳҷаҳон таъйин шуд. Пас аз чанде ба молу сарвати фаровон расид, аммо дере нагузашта дил аз тааллуқоти дунявӣ бурид ва ба суфигарӣ рӯ овард. Аз Ҳинд ба Исфаҳон баргашта, дар он ҷо вафот кард. Аз девонаш маълумоте дар даст нест, аммо дар тазкираҳо аз чанд рубоиву байти парокандаи ирфониаш ёд мешавад.
Рубоии зер аз ӯст:
Ҳар зиндадиле, ки ӯ зи аҳли дард аст,
Дониста зи асбоби тааллуқ фард аст.
Ҳар пирзане марги табиӣ дорад,
Марде, ки ба ихтиёр мирад, мард аст!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳими Урдубодӣ / С. Ализода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.