Иброҳими I Дарбандӣ
|
|
Таваллуд | |
Даргузашт |
1417 |
Мадфан | |
Дудмон | House of Derbent[d] |
Падар | Prince Sultan Muhammad[d] |
Фарзандон | Gazanfar of Shirvan[d] ва Khalilullah I[d] |
Иброҳими I Дарбандӣ (Шакӣ — 1417, Шамохӣ) — амири Шервон (1382—1412), асосгузори сулолаи Шервоншоҳиёни Дарбанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи ашрофи маҳаллӣ. Баъди фавти Ҳушанг ибни Ковуси Шервоншоҳ ҳоким таъйин шуд. Иброҳими I Дарбандӣ дар давраи тохтутози амир Темур ба Қафқоз ҳукумати Темуриёнро эътироф карда, маншури ҳокимияти минтақаи ҷануби Қафқозро соҳиб шуд. Ӯ дар давраи шиддати муборизаҳои Темур ва хони Ӯрдуи Тилоӣ — Тухтамиш (1380-95) аз аввалӣ пуштибонӣ карда, қаламрави аморати Шервонро васеъ кард. Соли 1387 Темур дар иттиҳод бо Иброҳими I Дарбандӣ сипоҳи Тухтамишхонро дар набарди назди д. Кура шикаст дод. Иброҳими I Дарбандӣ дар тохтутозҳои Темур ба Аштархон ва Осиёи Хурд ширкат дошт. Баъди фавти Темур (1405) ш. Табрезро ишғол карда, чандин ҳуҷуми амирони Қароқуюнлуро ба Гурҷистон ва Доғистон боздошт. Дар ибтидои асри 15 Иброҳими I Дарбандӣ бо шоҳи Кахетӣ — Константини I ва ҳокими Шикӣ — Сайид Аҳмад ба муқобили Қароюсуфи Қароқуюнлу иттиҳоди ҳарбӣ баст. Соли 1412 Қароюсуф сипоҳи муттаҳидаи рақибонашро дар набарди назди Чалаган шикаст дод ва Иброҳими I Дарбандӣ асир афтод. Ӯ пас аз пардохти товони ҷанг озод шуд ва аморати Шервон ба Қароқуюнлуҳо тобеъ гардид. Иброҳими I Дарбандӣ дар ш. Боку масҷиди ҷомеъ бунёд карда буд, ки ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳими I Дарбандӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Pages using the JsonConfig extension
- Даргузаштагони соли 1417
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)