Jump to content

Иброҳимҷон Норматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳимҷон Норматов
Таърихи таваллуд 27 август 1906(1906-08-27)
Зодгоҳ Исфара
Таърихи даргузашт 1975(1975)
Маҳалли даргузашт Исфара
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960)

Иброҳимҷон Норматов (27 августи 1906, Исфара — 1975, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза пайдо намуда, ҳамчун танбӯрнавози моҳир ном баровардааст. Аз соли 1936 то 1970 дар Театри халқии шаҳри Исфара ба сифати сароянда ва мутриб фаъолият доштааст. Дар сохтмони Канали Калони Фарғона бевосита иштирок намуда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) дар ақибгоҳ ҳамроҳи дастаҳои ҳунарӣ консертҳо ташкил карда, мардумро ба мубориза зидди фашизм даъват месохт. Зиёда аз 40 сурудаш аз силсилаи «Шашмақом», сурудҳои классикӣ ва халқӣ бо садояш дар хазинаи Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.