Исфара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳр
Исфара
Isfara welcome cropped.jpg
Нишон
Нишон
Давлат
Унвон
шаҳри тобеи вилоят
Вилоят
Суғд
Координатаҳо
Таъсис
Забони расмӣ
Аҳолӣ
46,0 хазор наф. нафар (2015)
Гурӯҳҳои миллӣ
тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Гурӯҳҳои динӣ
Вақти минтақавӣ
Коди телефон
+992
Нишонаи почта
735920
Коди автомобилӣ
02 TJ
Исфара (Тоҷикистон)
Исфара

Исфара (порсӣ: خجند) - дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд (Ленинобод) ҷойгир шудааст. Номи аввали ин шаҳри зебоманзар Асбара[1] буд. Ин шаҳри зебоманзар бо вилояти Боткони Кирғизистон ва Фарғонаи Узбакистон ҳамсарҳад аст. Исфара шаҳри хеле зебо мебошад. Дар Исфара бисьёр фабрикаю корхонаҳо фаъолият мекунанд.

Дар Исфара беш аз 40 намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Шаҳрчаҳои хурд ба монандаи Нафтобод ва Шӯроб дар дохили ҳамин ноҳия ҷойгир шудаанд. Аз Исфара то Конибодом 30км мебошад.

Исфара яке аз шаҳрҳои ободу зебои вилояти Суғд аст, ки дар ҳавзаи қаторкӯҳҳои рангоранги Туркистон, дар хамии Исфараю Лаккон (аз сатҳи баҳр 800 м баланд) ҷойгир аст. Аз байни шаҳр дарёи шӯху пуртуғёни Исфара ҷорӣ мебошад.

Таърих[вироиш]

Исфара таърихи бою рангин дорад. Яке аз қадимтарин шаҳрҳост. Дар ибтидо Асбара, Аспраха, Истпари, Истфаро, Испара ном доштани он ривоятҳо мавҷуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои таърихӣ, маънои (топонимикаи) Исфараро чунин шарҳ медиҳанд:

« Искандари Мақдунӣ ҳангоми забти Осиёи Миёна, аз даште гузашта ба мулке расид, ки он ҷо монанди биҳишт буд - дарёи шӯхобу шириноб, ҳамаҷо сабзу хуррам. Ҳамин дам Искандар нидо баровард: "Ас бара" - Чи зебо!»

Шаҳр бо номи Исфара нахустин маротиба дар асари «Таърихи Табарӣ» (асри Х) зикр шудааст. Дар бораи Исфара дар китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ҳам маълумоти саҳеҳ вуҷуд дорад. Бозёфтҳои ҳафриёти (археологӣ), ки аз гузаштаи дуру наздики шаҳр дарак медиҳанд, дар осорхонаи Исфара маҳфузанд. Осорхона дар бинои таърихӣ - Ӯрда ҷойгир аст. Мувофики акидаҳои олимон, Исфараи асримиёнагӣ аз замонҳои султони темуриён Бобур (1483-1530) то асри Х1Х дар мавзеи имрӯзаи Навгилем ҷойгир буд. Солҳои 30-40 асри Х1Х бо сабабҳои номаълум (шояд оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Мардум ба қисми ғарбии он, ки Исфара ё Шаҳрак ном дошт, мекучанд. Шаҳрак дар соҳили рости дарё аз ғарб ба шарқ бо зиёда аз 4 км дарозию тахминан 1 км бар ва дар сохили чап бошад, 1 км дарозию 200 м бар (440 га) тул кашида буд. Маркази Исфара Rалъа ном дошта, дар кисмати чанубии он Урда, дар шимол мадрасаи Қалъа бо 16 хонақоҳу ҳуҷра, дар канори шаҳр мадрасаи Хоҷиён бо 13 хонақоҳу ҳуҷра ва дар марказ растаи дуконҳои савдогарону устохонаҳои косибон чой гирифта буданд. Соли 1871 дар Исфара 16 қассоб, 6 чойхоначӣ, 42 дукондори майда, 8 савдогари моли сурх, 5 намадфуруш, 3 табақфуруш; дар ибтидои асри ХХ 200 дукон; соли 1914 209 фурушгоҳ ва 8 корвонсарой мавҷуд буданд. Аз ҳама деҳаи сераҳолии Исфара Ворух буда зиёда аз 33 000 ахолӣ мавҷуд буд. Ҷойҳои таърихии он дар Чоркӯҳ ва Навгилем мавҷуданд, мисол Мадрасаи Абдуллохон дар Навгилем.

Исфара - уезд (1869), вулус (1898), ноҳия (1937), шаҳр (1959).

Дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон уезди Исфара ташкил ёфта, 29 июли с. 1869 сардори уезди Исфара тасдиқ карда шуд. 12 марти соли 1881 уезди Исфара бо фармоиши идораи ҳарбии генерал-губернатори Туркистон барҳам дода, ҳудуди он байни уездҳои Қуқанду Марғилон тақсим карда шуд. Дар охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ уезди Қуқанд ба якчанд участка ва вулусҳо тақсим гардид. Бар ҳар як участка ва вулусҳо сардорон таъин карда мешуданд. Вулуси Исфара аз соли 1898 то тақсимоти маъмурию ҳудудии соли 1924 тобеи участкаи Конибодоми уезди Хуҷанд буд.

С. 1917 ба ҳайати вулуси Исфара 8 ҷамоати деҳагӣ, 38 деҳа дохил шуда, дар онҳо 6040 хоҷагӣ, 35988 нафар аҳолӣ мавҷуд буд. Баъди барқарор шудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Исфара моҳои июл-август соли 1919 интихоботи Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор гардида, ба ҷойи амини маҳалла раис ва аъзои ичроrумҳо интихоб карда шуданд. Съезди (сессияи) аввалини ташкилии Шӯрои вулуси Исфара, ки 26 августи соли 1919 барпо гардида буд, ҳайати нави вулуси (кумиҷроия)-ро интихоб намуд. Баъди тақсимоти маъмурию худуди баҳори соли 1925 ду ҷамоат: ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворух аз вулуси Исфара ҷудо шуда, вулуси нав – Чоркуҳро ташкил доданд. Ба ҳайати вулуси нави Чоркуҳ ду ҷамоат: - Чоркуҳ ва Ворух дохил гардиданд.

Дар рафти ташкили ноҳияҳо (1924-1926) дар вулуси Исфара ҷамоа – (иҷроrумҳо)-и Шаҳрак, Лаккон барҳам хӯрда, ҷамоаҳои нав: - Исфара, Самарқандак, Қалачамазор ба ҳайати волости Исфара ва ҷамоаи Сур ба ҳайати волости Чорк=ҳ дохил гардиданд.

10 январи соли 1927 кумиҷроияи округи Хуҷанд дар маҷлиси худ ахбороти КИМ-и Ӯзбекистонро дар бораи ташкили ноҳияи Исфара ва муайян кардани сарҳади он шунида муҳокима намуд. Дар бораи ташкили ноҳияи Исфара 31 январи соли 1927 қарори КИМ-и Ӯзбекистон нашр гардид. 31 январ ҳамчун рӯзи ташкили ноҳияи Исфара сабт гардид.

Бо қарори КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон аз 29 августи соли 1930 маҳалҳои аҳолинишини назди кони нефти САНТО ва кони ангишти Шӯроб деҳаи коргарнишини мухоҷирон ҳисоб карда шуданд. 1 январи соли 1931 аз рӯи ҳисоботи кумиҷроияи дар ҳайати ноҳияи Исфара 10 Шӯроҳои деҳот маҷуд буд, ки онҳо 21 деҳаи аҳолинишин дохил гардиданд. Аз онҳо дар 12 деҳа тоҷикон, дар 7 деҳа узбекон ва дар 2-тои он қирғизҳо зиндагӣ мекарданд. ҳамагӣ дар ноҳия 8061 хоҷагӣ, 38312 нафар аҳолӣ мавҷуд буд. Маркази ноҳия дар деҳоти Шаҳрак ҷойгир буд. Аз рӯи маълумотҳо ба 1 июни соли 1932 дар ноҳияи Исфара 10 Шӯрои деҳот : Ворух, Қалачамазор, Кeлкант, Лаккон, Навгилем, Сурх, Хонобод, Чилгази, Чоркуҳ, Шаҳрак ва 26 маҳалҳои аҳолинишин: Арабқишлоқ, Ворух, Зархок, Зумратшоҳ, Сурх, Пирдевак, Хонобод, Шаҳрак, Кeлкант, Лаккон, Матпари, Найман, Навгилем, Норrузи, Офтобруй, Октябр, Полвон, Шeртанг, Қаробоғ, Қалачамазор (1 май), Қизилпилол (Янгиобод), Қeшдевор, Чилгази, Чоркуҳ мавҷуд буданд.

22 октябри соли 1937 Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон қарори худро аз 11 августи соли 1937 тағйир дода, ноҳияи Исфараро ба тобеияти КИМ-и ҶШС Тоҷикистон дохил кард. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон 27 декабри соли 1937 қарори худро аз 11 июли соли 1933 «Дар бораи ба қатори шаҳрҳо дохил намудани Исфара» бекор карда, маркази ноҳияи Исфараро шаҳрак хисоб кард. Инчунин деҳаҳои Шӯробу КИМ ба қатори шаҳракҳо дохил карда шуданд. Бо Укази Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз 8 марти соли 1938 округи Ленинобод ташкил ёфта, ноҳияи Исфара ба тобегии ин округ дохил карда шуд.

Бо Укази Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 1938 Шӯрои посёлкавии Нефтободи ноҳияи Исфара ташкил дода шуда, КИМ ва Нефтобод ба посёлкаҳои типи шаҳрӣ табдил дода шуданд. 27 октябри соли 1939 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ЧШС Тоҷикистон вилояти Ленинобод ташкил карда, ноҳияи Исфара ба ҳайати ин вилоят дохил карда шуд. Бо Указ аз 15 сентябри соли 1952 шаҳраки Исфара ба шаҳри тобеи вилоят табдил дода шуд. Бо Указ аз 16 марти соли 1959 Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Исфара бо Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Исфара муттаҳид карда шуд. Бо Указ аз 28 марти соли 1962 бо сабаби барҳамхурии вилоят ноҳияи Исфара ба гурӯҳи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил карда шуд.

Бо Указ аз 4 январи соли 1963 дар ҳудуди управленияҳои истеҳсолию колхозию совхозии муттаҳид кардашудаи Тоҷикистон 25 ноҳияи деҳотӣ ташкил карда шуданд: Мувофиқи он Шӯроҳои қишлоқи Ворух, Навгилем, Хонобод, Чилгази, Чоркуҳ ва Шаҳраки тобеи шаҳри Исфара ба ҳайати ноҳияи хоҷагии қишлоқи Конибодом дохил гардиданд. Дар асоси Указ аз 6 январи соли 1965 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои нави деҳотӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла ноҳияи Исфара (марказаш дар шаҳри Исфара) аз нав ташкил ёфт, ки ба ҳайати он Шӯроҳои қишлоқи: Ворух, Кулканд, Навгилем, Сурх, Хонобод, Чилгази, Чоркуҳ ва Шаҳрак ҳамроҳ карда, онҳо аз тобеияти ноҳияи Конибодом бароварда шуданд. Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони қишлоқҳои номбурда ба тобеияти маъмурии Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Исфара дода шуд, ноҳияи Исфара ҳамчун воҳиди ҳудудӣ нигоҳ дошта буд.

Тақсимоти маъмурию-ҳудудии ноҳияи Исфара бо қарори Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон гарчанде солҳои 1925-1926 ба амал омада бошад ҳам, вале баҳси сарҳади ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва Исфараи ҶТ борҳо байни роҳбарони ин ду ҷумҳурият муҳокима гардид. Барои муайян кардани сарҳади дараи Ворух комиҷроияи ноҳияи Исфара аз 8 сентябри соли 1948 комиссия ташкил намуд.

Саридораи геодезия ва харитасозии назди Шӯрои Вазирони СССР ҳатто дар харитаи вилояти Ленинобод, ки онро соли 1948 нашр карда буд, дар масштаби 1.500000 дар нақшаи сарҳадҳои ҶШС Қирғизистон истифодабарии заминро аз тарафи колхозҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба хисоб гирифта натавонист, дар натиҷаи он 14 колхозҳои ҶШС Қирғизистон дар сарҳади ҶШС Тоҷикистон нишон дода буд. Аз 800 километр сарҳади ин ду ҷумҳурӣ 200 километри он, ки ба вилояти Ленинобод ва ноҳияи Исфара рост меояд, боиси баҳси доимии байни ин ду ҷумҳурӣ аст.

Аҳолӣ[вироиш]

Гузарҳои истиқомати дар Исфара маҳалла ном доштанд. Шаҳр аз 31 маҳалла иборат буда, 11-тои онҳо дар шаҳр ва 20-тоашон дар Шаҳрак ҷой гирифта буданд. Аҳолии ҳар як гузар аз ду-се маҳаллаҳои истиқомати иборат буда, ҳар як гузар сардори худро дошт, ки онро дар гузашта «элликбошӣ» меномиданд. Дар ибтидои солҳои 70-уми асри Х1Х дар Исфара 200 ҳавлӣ, 1878-1880 390 ҳавлӣ, 1907750, 1917 – 1051 ҳавлӣ мавҷуд буданд Дар ибтидои асри ХХ дар шаҳрак 38 масҷид амал мекард, ки 11- тои он дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ бунёд ёфтаанд. Аҳоли соли 1880 дар Исфара 1950 нафар, 1907 – 3950, 1917 – 6,7 ҳазор нафарро ташкил мекард, ки асосан тоҷикон буданд. Исфара дар асрҳои 11-13 аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле пеш рафта буд. Бобур (1483-1530) Исфараро шаҳри асосии вилояти Исфара донистааст. Асри 16 дар Исфара сохтмони биноҳои калон (масчиду мадрасаҳо) ривоҷ меёбанд, ки айни замон онҳо ба сифати ёдгориҳои таърихи ҳифз карда мешаванд. Исфара дар асри 18 боргоҳи хони Хуҷанд буд. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии хонигариҳои Бухорою Хуҷанд (ох. а. 18 ва ав. а. 19) иқтисодиёти шаҳр ба пастравӣ ниҳод ва баъзе иншоотҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Боло хароб шуда, аз байн рафтанд. То ғалабаи Инқилоби Октябр Исфара тобеи хонигарии Қӯқанд буд. Соли 1929 ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1952 номи шаҳрро гирифт.

Нақлиёт[вироиш]

Нақлиёти автомобилӣ Исфараро бо шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд ва Бодкони Ҷумҳурии Қирғизистону Қӯқанду Тошканди давлати Ӯзбекистон мепайвандад. Майдони ҳавоӣ дорад. Аз Исфара то пойтахти Тоҷикистон 449 км ва то ш. Хуҷанд 107 км, то истгоҳи роҳи оҳани ш. Конибодом 37 км аст. Шохаи роҳи оҳани Конибодом-Душанбе, ки то шаҳраки Шӯроб тӯл кашидааст, аз Исфара мегузарад. Алҳол 46 ҳаз наф. (2015) аҳолӣ дорад, ки аксариятро тоҷикон ташкил медиҳанд. Иқлимаш мӯътадил, дар тобистон гарм, дар зимистон сард. Миқдори боришоти солона 126 мм, И. яке аз марказҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва саноатии мамлакат аст.

Саноат ва истеҳсолот[вироиш]

Асосан дар Исфара саноати хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, кимиё ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои саноатиаш: калонтарин дар ҷумхури ва Осиёи Марказӣ комбинати консервабарорӣ, ки ба коркарди меваю сабзавот омодааст, комбинати гӯшт, заводҳои шир, нон, спирт, рангҳои минералӣ, асбобҳои рӯшноидиханда, маснуоти оҳану бетонӣ, кимиё. гидрометаллургӣ, чинӣ, фабрикаи мебел, комбинати масолеҳи бинокорӣ, иттиҳодияҳои дӯзандагии «Моҳира», «Шаҳло», иттиҳодияҳои механиконидаи сайёр, ширкати «Бинокор», ташкилотҳои сохтмонии «Таъмир-1» мебошанд. Дар Исфара матбаа, коллеҷи технологӣ, 7 мактаби таҳсилоти ҳамагони, 3 гимназия, 2 литсей, коҳи фарҳанг, хонаи маданият, театри халқӣ, 8 китобхона, хонаи пешоҳангон, марказҳои илмию тарбиявӣ, 3 беморхона, таваллудхона, дорухона, 11 бунгоҳи тибби ва ғайраҳо мавҷуданд. Осоишгоҳи «Зумрад» яке аз беҳтарин ва калонтарин осишгоҳи ҷумхурӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад. Боғи маданият ва истироҳатӣ ба номи Сайфи Исфарангӣ ҷойи дӯстдоштаи шаҳрвандон аст.

Кишоварзӣ[вироиш]

Хуш омадед ба Исфараи Бостонӣ!

Кишоварзони исфараги дар парваришу истеҳсоли uалла, пилла, сабзавот, меваҳои хушку тар шуҳратёранд. И. макони зардолуҳои навъҳои гуногун: мирсанxари, хурмои, тоxибойи, rандак, исфарак, субхони, рухи xонон, нишони, абрикос, ширпайванд, лоларух ва uайрахо мебошад, заминҳои корам ва боuу бeстонҳои шаҳр аз дарёи Исфара, xeйҳои Паст, Зарбоф, Чилгази, Сари Осиё, Матпари ва канали ба номи С. Юлдошев обёри мешаванд.


Isfarinka river orien tea house.jpg

Дарёчаи Исфара[вироиш]

Исфара, дарёест дар ҷамоҳири Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон. Аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон сар шуда, болообаш Оқсу, миёнаобаш Каравшин ва поёнобаш (баъди ҳамроҳ шудани д.Кишанбич) Исфара ном дорад. Тӯлаш 107 км, ҳавзааш 3240 км мураббаъ. Манбааш пиряху барф, асосан аз пиряхи Оқсу об мегирад. Исфара дар болооби худ аз дараҳои танг гузашта, ҷараёнаш тез аст. Давраҳои пуробӣ: июл-сент., камобӣ: фасли зимистон. Сарфи миёнаи бисёрсолаи оби дарё дар наздикии шаҳри Исфара 14,7м3/сон. Сарфи зиёдтарини об 15,2 м3/сон, камтаринаш 3,95 м3/сон. Баҳору тобистон оби дарё одатан лой аст (1м3 об 8800 г ҷинсҳои таҳшин дорад). Исфара пурра барои обёрӣ сарф мешавад. Обанбори Боткони Қирғизистон аз Исфара об мегирад.

Ҷашну маросимҳои мардумии Исфара[вироиш]

Чойхонаҳои Исфара ҷойи истироҳату сӯҳбат, нишастҳои ҳарифонаву чойнӯшӣ, аскияву ҳазл, кабкҷангу, бедонаҷанг, маҳфилҳои маданиву тӯй, тарғибу ташвиқ, мусобиқаҳои шашкаву шоҳмот. Дар ибтидои асри 20 дар Исфара 20 чойхона амал мекардааст. Қисми зиёди онҳо дар бозорҳо, кӯчаҳои асосӣ ва соҳили дарё ҷой доштаанд. Муйсафедон нақл мекунанд, ки дар чойхонаҳои нахустини охири асри 19 дар кумғонҳои чӯянӣ об меҷӯшониданд. Аввалин самоворро соли 1906 Абдуғафуроқсаққол ном шахс аз шаҳри Тошканд овардааст. Мисгари маҳалли усто Сӯфӣ аз руйи самовори русӣ қумғонсамовари мисин сохтааст. Алҳол хар як гузару маҳалла ва хоҷагӣ чойхонаи худро дорад. Чойхонаҳои пурнақшу нигори «Ором», «Сино», «Ориён», хеле серодами хоҷагиҳои ба номи З. Хасанов, Ленин, Х. Мукаррамов, пурфайзи «Лола», «Шаббода», «Роҳат», Тангии Сур ва ғайра дар хизмати мардуманд.

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манобеъ[вироиш]

  1. The Samanid State by N.N Negamtov page. 83 Age of Achievement: A.D. 750 to the End of the Fifteenth Century Vol IV. UNESCO

Пайвандҳои беруна[вироиш]