Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ивани V

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ивани V
русӣ: Іѡа́ннъ Алеѯї́евичъ
шоҳ

Таваллуд 27 август (6 сентябр) 1666[1][2]
Маскав
Даргузашт 29 январ (8 феврал) 1696[1][3][2] (29 сол)
Маскав
Оромгоҳ
Падар Алексей Михайлович[1][2][4]
Модар Maria Miloslavskaya[d][1][2][4]
Ҳамсар Praskovia Saltykova[d][1][2]
Фарзандон Princess Catherine Ivanovna of Russia[d][1], Анна Иоанновна[1][5], Tsarevna Praskovya Ivanovna of Russia[d][1][4], Maria Ivanovna[d][1][4] ва Theodosia Ivanovna[d][1][4]
Дин масеҳияти православӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ивани V (27 август [6 сентябр] 1666[1][2], Маскав29 январ [8 феврал] 1696[1][3][2], Маскав) — шоҳи Русия (1682), писари шоҳ Алексей Михайлович ва малика М. И. Милославская, намояндаи сулолаи Романовҳо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз марги шоҳ Фёдор Алексеевич (1682) як гурӯҳи дарбориён — Наришкинҳо (хонадони зани дуввуми Алексей Михайлович) Ивани Vро бо баҳонаи бемориаш аз ҳуқуқи валиаҳдӣ маҳрум карданд. Дар натиҷаи муборизаи дарборӣ Наришкинҳо дар муқобили ҷонибдорони Ивани V — Милаславскҳо ғолиб омада, ба ҷои Ивани V бародари хуниаш Пётри I-ро ба тахт шинонданд (27.4.1682). Дар рафти шӯриши Стрелетск ҳокимияти Ивани V барқарор гардид (1682) ва ҳар ду бародар дар калисои ҷомеи Земский шарики ҳокимият эълон шуданд (И. V шоҳи «якум» ва Пётри I шоҳи «дуввум»). Ивани V лаёқати роҳбарӣ надошт, мамлакатро хоҳараш София Алексеевна ва баъд Пётри I (аз 1689) идора мекарданд. Аз издивоҷи Ивани V ва П. Ф. Салтикова маликаи Руссия — Анна Ивановна таваллуд шуд.