Алексей Михайлович
Алексей Михайлович (19 марти 1629 – 8 феврали 1676, Москва) — дуюмин шоҳи рус аз сулолаи Романовҳо.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо фармони Алексей Михайлович 7 феврали 1646 ба намак боҷи нав ҷорӣ карда шуд ва он сабаби сар задани «ошӯби намак» (25 майи 1646) гардид.
Ҷанги Русия ва Полша
[вироиш | вироиши манбаъ]1 октябри 1653 дар Москва тасмим гирифта шуд, ки бо Полша ҷанг эълон карда шавад. Пас аз ҷанг бо Полша дар дохили Русия исёнҳои нав сар заданд. Пас аз сарнагун кардани патриарх Никон Алексей Михайлович ба китобҳои динӣ тағйирот ворид кард. Бисёри рӯҳониён ва калисоҳо зидди ин навоварӣ буданд, хусусан калисои Соловетский муқобилият мекард. 22 январи 1676 калисо зӯран гирифта, исёнгарон овехта шуданд. Дар ин давра дар ҷанубӣ мамлакат казаки Дон – Степан Разин шӯриш бардошт. Ӯ соли 1667 корвони Шоринро талаву тороҷ намуда, шаҳри Яинскро гирифт, киштиҳои тиҷоратии форсҳоро ғорат кард, лекин дар Астрахан аз ин корҳо даст кашид. Майи 1670 ӯ боз ба Волга рафта шаҳрҳои Саритсин, Чёрний Яр, Астрахан, Саратов ва Самараро гирифт, қабилаҳои черемис, чуваш, мордва ва тоторро бархезонд. Дар наздикии шаҳри Симбирск шикаст хӯрда ба самти Дон гурехт. ӯро атаман К. Яковлев дастгир намуд ва 6 июни 1671 дар Москва қатл карда шуд. Пас аз ин ҳодисаҳо ҷанг бо Туркия барои Малороссия оғоз шуда, танҳо соли 1681 сулҳ баста шуд.
Ислоҳоти пулӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Алексей Михайлович соли 1654 ислоҳоти пулӣ гузаронда аз ҳисоби талерҳои дар хазина ҷамъшуда сикка зад (рубл, «ефимка», четвертина ё полуполтинник) ва ба муомилот полтинники мисин баровард. ӯ фармон баровард, ки аҳолӣ андозро бо нуқра супораду пардохт аз хазинаи давлат бо тангаи мисӣ ба роҳ монда шавад. Деҳқонон ғаллаи худро, тоҷирон борҳояшонро ба пули мисӣ фурӯхтан намехостанд ва дар натиҷа «ошӯби мисӣ» сар зад. Инчунин Алексей Михайлович вазоратҳои нави марказӣ ташкил, баъзе боҷҳои хурдро бекор, киштисозиро оғоз ва қонунҳои нав ҷорӣ кард, бақайдгирии аҳолиро гузаронд. Дар замони ҳукмронӣ Алексей Михайлович Украина ба Русия ҳамроҳ шуда (1654), забти Сибир идома ёфт ва шаҳрҳои Нерчинск (1658), Иркутск (1659), Пенза (1663), Селенгинск (1666) бунёд гардиданд. Ба хотираи Алексей Михайлович дар шаҳри Новий Оскол ҳайкал гузошта шудааст (2010).
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Алексей Михайлович (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 417—420.
- ↑ 2.0 2.1 Н. У. Алексей Михайлович (рус.) // Энциклопедический лексикон — СПб.: 1835. — Т. 1. — С. 491—495.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 К. Б.—Р. Алексей Михайлович (рус.) // Русский биографический словарь — СПб.: 1900. — Т. 2. — С. 23—35.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
- ↑ 5.0 5.1 Алексей Михайлович (рус.) // Военная энциклопедия — СПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1911. — Т. 1. — С. 312—313.
- ↑ Наталья Кирилловна (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXa. — С. 673—674.
- ↑ Павлов-Сильванский Н. Иоанн V Алексеевич (рус.) // Русский биографический словарь — СПб.: 1897. — Т. 8. — С. 271—272.
- ↑ Н. П.-С. Иоанн V Алексеевич (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIIа. — С. 694.
- ↑ 9.0 9.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 29 март
- Зодагони соли 1629
- Зодагони 27 март
- Зодагони 20 март
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 8 феврал
- Даргузаштагони соли 1676
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Императорҳо ва шоҳони Русия