Jump to content

Иваново

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Иваново
русӣ: Иваново-Вознесенск
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Vladimir Sharypov[d][1] ва Q126973388?
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 1608
Масоҳат
  • 104,84 км²[2]
Баландии марказ 120 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 4932
Нишонаи почта 153000
ivgoradm.ru(рус.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иваново (русӣ: Иваново) — шаҳр дар Русия, маркази маъмурии вилояти Иваново. Дар қисми марказии вилоят, дар соҳили рӯди Увод (шохоби рӯди Клязма) ҷойгир аст.

Истгоҳи роҳи ооҳан, шабакаи роҳҳои автомобилгард ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Аҳолиаш 406,1 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш 654,5 ҳазор нафар, 2018). Ивановоро шабакаи роҳи оҳан бо шаҳрҳои Маскав, Ярославл, Кинешма, Владимир ва шоҳроҳи автомобилгард бо шаҳрҳои Владимир, Кострома ва Нижний Новгород мепайвандад.

Тибқи маъхазҳои бостоншиносӣ дар Иваново одамон дар асрҳои 14-15 сокин шудаанд. Дар ибтидои асри 17 Иваново дар натиҷаи лашкаркашии Реч Посполита (номи расмии давлати Лаҳистону Литва дар солҳои 1569—1795) аз ҷониби лашкари А. И. Лисовский тасарруф гардид. Дар асри 17 Иваново зери итоати князии Шуйский ва Черкасск буд. Дар охири асри 17 маркази бузурги ҳунармандӣ гардида, бештар соҳаҳои бофандагӣ, рангубор ва гулмонии матоъ рушд карда буданд. Дар асри 19 Иваново ба яке аз марказҳои муҳимми саноатӣ табдил ёфта, унвони «Манчестери Рус»-ро гирифт. Соли 1871 бо фармони император Александри II ш. Иваново-Вознесенск таъсис шуд. 27.12.1932 Иваново ном гирифт. Солҳои ҶБВ (1941-45) корхонаҳои Иваново барои ҷабҳа (фронт) маҳсулоти ниёзи аввал истеҳсол мекарданд.

Иваново яке аз марказҳои муҳимми саноати нассоҷии Русия буда, 12 фабрикаи нассоҷӣ дорад, ки дар онҳо матоъҳои пахтагӣ, шоҳӣ ва пашмин (мӯинагӣ) истеҳсол мешаванд. Дар Иваново саноати мошинасозӣ (истеҳсоли кранҳои борбардор, экскаватор, таҷҳизоти кешбофӣ) рушд карда, з-ди парашютсозии «Полёт» яке аз истеҳсолкунандаҳои асосии техникаи парашютӣ-десантии Русия ба ҳисоб меравад. Дар Иваново институтҳои таҳқиқоти илмии кишоварзӣ, маҳлулҳои кимиёии АИ Федератсияи Русия, Институти таҳқиқоти илмии ҳифзи меҳнат, маркази кашфиётҳои гендерӣ, саноати коркарди пахта, маркази модар ва кӯдак, академияҳои кишоварзӣ (1995), тиббӣ (1994), меъморӣ-бинокорӣ, бофандагӣ, Донишгоҳи Иваново (1973), Донишгоҳи кимиёӣ-технологӣ (1930), Донишгоҳи энергетикӣ (1939), Донишгоҳи меъморӣ-сохтмонӣ (1981) мавҷуданд. Дар Иваново Маҷмааи осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ба номи Д. Г. Бурилин (дар ҳайати он осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, бадеӣ), филармония, сирк, театрҳои драмавӣ-мусиқӣ ва лӯхтак фаъолият доранд. Аз ёдгориҳои меъморӣ бинои Театри драма (меъмор А. В. Власов), намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, донишкадаи тиббӣ (меъмор Н. И. Кадников), муҷассамаи «Муборизони Инқилоб» (1975, ҳайкалтарошон Д. Б. Рябичов, М. И. Мамотин, меъмор И. Е. Кутирев) боқӣ мондаанд.