Jump to content

Иван Вишнеградский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Вишнеградский
Таърихи таваллуд 20 декабр 1831 (1 январ 1832)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 25 март (6 апрел) 1895 (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ механика
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order of St. Vladimir, 1st class Knight of the Order of St. Alexander Nevsky
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вишнеградский Иван Алексеевич (русӣ: Ива́н Алексе́евич Вышнегра́дский; 20 декабри 1831 [1 январи 1832], Вишний Волочёк — 25 март [6 апрели] 1895, Санкт-Петербург) — олим-механик ва ходими давлатии рус, асосгузори назарияи танзими автоматӣ, узви фахрии АИ Петербург (1888).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1888-92 вазири молияи Русия буд. Хатмкардаи Донишгоҳи асосии педагогии Петербург (1851). Аз ҳамон сол устоди корпуси дуюми кадетии Петербург. Профессори механикаи Донишгоҳи технологии Петербург (1862) ва Академияи артиллерии Михайлов (1865). Солҳои 1860-62 ҳолати мошинасозиро дар корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии техникии Олмон, Фаронса, Белгия ва Британияи Кабир омӯхтааст. Солҳои 1867-78 муҳандис-механики Сарраёсати артиллерӣ ва аз соли 1875 сарвари Донишгоҳи технологии Петербург.

Бо ташаббуси Иван Вишнеградский дар Русия омӯзиши асосҳои назариявии мошинасозӣ ҷорӣ шуд. Иван Вишнеградский устоди Донишгоҳи технологӣ ва Академияи артиллерии Петербург буд ва аз механикаи амалӣ, термодинамика, назарияи чандирӣ, мошинаҳои ҳамлу нақл, мошинаҳои буғӣ ва ғ. дарс гуфтааст. Муаллифи дастури «Механикаи ибтидоӣ» (1860) ва асари илмии «Дар бораи танзимгарҳои ростамал» (1877). Дар китоби охир усули ҳисобу китоби танзимгарҳои навъи мазкурро пешниҳод кардааст. Шарти устувории шабакаи танзимкуниро кашф кард (меъёри Вишнеградский).

  1. 1.0 1.1 Вышнеградский Иван Алексеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.