Jump to content

Иван Губкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Губкин
Таърихи таваллуд 9 (21) сентябр 1871
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 апрел 1939(1939-04-21)[1][2][3] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ petroleum geology[d] ва заминшиносӣ[4]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Мукофоти ленинӣ Honoured Worker of Science and Technology of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Губкин Иван Михайлович (9 [21] сентябр 1871, Q19815175?, Vladimir Governorate[d]21 апрел 1939[1][2][3], Маскав[1]) — заминшиноси шӯравӣ, асосгузори геологияи нафт, академики АИ ИҶШС (1929), ноиби президенти АИ ИҶШС (1936—1939), раиси филиали АИ ИҶШС дар Озарбойҷон (1937).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти кӯҳкории Петербург (1910). Солҳои 1917-18 илми соҳаи саноати нафтро дар ИМА омӯхт. Аз соли 1920 раиси Шӯрои саноати нафти ИҶШС. Солҳои 1920-25 раиси Комиссияи махсуси таҳқиқи Аномалияи магнитии Курск. Аз соли 1920 профессор, аз соли 1922 ректори Академияи кӯҳкории Маскав, аз соли 1930 ректори Институти нафти Маскав. Солҳои 1930-36 раиси Шӯрои таҳқиқоти қувваҳои истеҳсолии АИ ИҶШС. Осори илмии ӯ ба геологияи нафт ва кашфи конҳои нафти Қафқози Шимолӣ, Озарбойҷон ва Сибир бахшида шудаанд. Шаҳр ва ноҳия дар вилояти Белгород, шаҳр дар вилояти мухтори Ямало-Ненеск, Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия, сахрае дар Антарктида ва чандин кӯчаву муассисаи илмии Русия ба шарафи Г. номгузорӣ шудаанд. Бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Губкин Иван Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.)LZMK, 1999. — 9272 с.
  4. Чешская национальная авторитетная база данных
  • Кумок Я. Н. Губкин. М., 1968;
  • Академик И. М. Губкин/Под ред. А. И. Владимирова. М., 2000.