Jump to content

Иван Лелеко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Лелеко
Таърихи таваллуд 29 август 1927(1927-08-29)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1998
Пеша(ҳо) раҳбари мусиқӣ, овозхон, оҳангсоз

Иван Степанович Лелеко (29 август 1927, Херсун[d]1998) — раҳбари оркестри низомӣ, овозхон ва оҳангсоз, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1963).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи му­­­­­­си­қии шаҳри Киевро хатм карда, дар муассисаҳои фарҳангии Украина фаъолият намудааст. Аз соли 1956 солисти ансамбли тарона ва рақси не­рӯҳои сарҳадии Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС дар Осиёи Миёна буд. Дар ҳайати мутрибон, сарояндагон ва раққосон асарҳои махсус эҷод­шударо иҷро намуда, маҳорати баланд нишон додааст. Оркестр дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ консертҳо ташкил намуда, баробари хидма­т­расонии маданӣ ба мардум дар тарбияи ватандӯстии одамон саҳм мегирифт. Иван Лелеко асосан сурудҳои ҳарбӣ мехонд, маҳорати хуби рақ­қосӣ ҳам дошт.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.