Ив де Алегр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алегр Ив де
фр. Yves d'Alègre
Таърихи таваллуд: 1633(1633)
Зодгоҳ: Порис
Таърихи даргузашт: 1733(1733)
Маҳалли даргузашт: Порис
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: адиб-тарҷумон
Забони осор: фаронсавӣ
Ҷоизаҳо:

Алегр Ив де (1633, Париж1733, Париж) — адиб ва тарҷумони фаронсавӣ.

Эҷодиет[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба забони франсавӣ «Гулистон»Саъдиро тарҷума кард, ки он соли 1704 дар Париж нашр шуд. Дар муқаддимаи тарҷумааш Алегр оид ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Саъдӣ, саршор аз панду андарз ва шеърҳои баландмазмун будани Саъдии Шерозӣ сухан рондааст. Дар нигориши сарсухан Алегр аз мақолаи шарқшинос де Эрбело ва маҷаллаи «Библиотек Ориентал» истифода кардааст. Тарҷумаи Алегр 89 ҳикояро дар бар гирифта, аз 10 боб иборат аст (нусхаи асл 8 боб дорад). Ба ғайр аз ин, Алегр тарҷумаи худро ба ду фасл – «Рисола роҷеъ ба ахлоқи подшоҳону халифаҳо», «Илова ба подшоҳону халифаҳои давраи Саъдӣ аз муаллифони арабу форсу турк» ҷудо кардааст. Дар тарҷумаи Алегр шоири форс-тоҷик Саъдӣ чун маорифпарварони Франсия вассофи «шоҳи одил» қаламдод шудааст. Тарҷумаҳои Алегр аз мазмуну мундариҷаи асл дур рафта, ба талаботи равияи маорифпарварӣ мутобиқ карда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шокир Мухтор, Саади – «Французский просветитель», маҷ. «Памир», 1978, № 12.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]