Jump to content

Игор Грабар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игор Грабар
русинӣ: Iгор Iмануϊлович Грабарь
Суратҳо
Таърихи таваллуд 25 март 1871(1871-03-25)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 16 май 1960(1960-05-16)[3][4][5][…] (89 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр conservation[d], наққошӣ, таърихи ҳунар, наққошии манзара[d], наққошии саҳнаҳои худмонӣ[d] ва такчеҳра
 Парвандаҳо дар Викианбор

И́гор Эммануи́лович Граба́р (русинӣ: Iгор Iмануϊлович Грабарь; 25 март 1871[1][2], Buda[d] ё Pest[d], Pest County[d]16 май 1960[3][4][5][…], Маскав[3][2][6]) — рассом, муаррихи ҳунар ва ходими осорхонаи рус. Рассоми халқии ИҶШС (1950), узви ҳақиқии АИ ИҶШС (1943) ва Академияи рассомии ИҶШС (1947).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Академияи рассомии Петербург (1894-96) аз В. Е. Савинский, Н. А. Бруни, И. Е. Репин ва дар Мюнхен дар мактаби А. Ашбе (аз 1896) таълим гирифтааст. Дар Петербург (аз 1889) ва Маскав (аз 1903) кор кардааст. Узви иттиҳодияи «Ҷаҳони санъат» ва «Иттиҳодияи рассомони рус» буд. Солҳои 1903-07 дар пленэри ба номи Дугино (дар наздикии Саритсин) кор карда, бо маҳорати баланд асарҳои манзаравии «Барфи сентябр» (1903), «Осмони мусаффои феврал» (1904), «Барфи моҳи март» (1904 — ҳар се дар Нигористони Третяков) ва натюрмортҳо («Мизи дарҳамбарҳам», 1907) офарид. Ҳамон вақт истеъдоди портретнигорӣ ва меъмории ӯ (дар Захаринои назди Маскав, 1909—1914) зоҳир гардид. Ӯ бо рассомон М. А. Врубел, В. А. Серов, И. С. Остроухов, коллексионерҳо С. И. Шукин, И. А. Морозов шинос шуд.

Игор Грабар ҳамчун мунаққиди адабӣ дар маҷаллаҳои «Мир и искусства», «Старые годы», «Аполлон» фаъолона кор кард. Аз соли 1906 силсилаи монографияҳо дар бораи бузургтарин устодони санъати нави рус навишт (дар бораи И. И. Левитан, ҳамроҳи С. Гилгол, 1913; дар бораи В. А. Серов, 1914). Бо ташаббуси Игор Грабар маҷмӯаи дастаҷамъии «Таърихи санъати рус» (6 ҷилд, 1909—1916) нашр шуд. Солҳои 1913-25 роҳбари Нигористони Третяков буд. Бо ташаббуси Игор Грабар Устохонаи марказии таъмиргарӣ таъсис ёфт (солҳои 1918—1930 роҳбар ва аз соли 1944 роҳбари илмии он буд), ки баъдан ба номи ӯ гузошта шуд.

Дар даврони шӯравӣ Игор Грабар фаъолона ба рассомӣ машғул шуда, бештар ба манзараву портретнигорӣ майл кард, тасвирҳои расмӣ низ меофарид («В. И. Ленин дар сари аппарати телефон» 1933; «Вакилони деҳқонон дар ҳузури В. И. Ленин ва И. В. Сталин», 1938). Корҳои асосии ӯ дар ин давра: асари дуҷилда дар бораи Репин (1937; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1941) ва ёддоштҳои ӯ — «Зиндагии ман» (1937). Игор Грабар муҳаррир ва яке аз муаллифони китоби нави «Таърихи санъати рус» (13 ҷилд, 1953-69) буд.

Дар Донишгоҳи давлатии Маскав (аз 1921 профессор), Институти рассомии Маскав ба номи В. И. Суриков (1937-43 директор), Институти рассомию ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И. Е. Репин дар Ленинград (1943—1946 директор) омӯзгорӣ кардааст. Директори Институти таърихи санъати АИ ИҶШС (аз соли 1944) буд.

Бо ду ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.