Иддао

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иддао (даъво)даъво кардан, муддаӣ шудан ба маънои мурофиавӣ муроҷиати даъвогар ба суд бо хоҳиши баррасӣ шудани баҳси ҳуқуқиву материалӣ бо ҷавобгар (дорандаи уҳдадории субъективӣ) ва ҳимояи ҳуқуқи поймолшудаи субъективӣ ё манфиати бо қонун ҳифзшуда, яъне воситаи ҳимоя аз тариқи суд (суд, суди ҳакамӣ, суди иқтисодӣ) аз ҳуқуқи поймолгардида ё манфиати вайронкардаи шахси дигар. Дар як вақт иддао (даъво) воситаи таъмин намудани адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ низ маҳсуб мешавад. Ба маънои моддӣ талаби ҳуқуқиву модции даъвогар нисбат ба ҷавобгар аст, ки предмети даъворо ташкил медиҳад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 174