Jump to content

Идеал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идеа́л (лот. idealis от юн. ἰδέα —ормон) — тимсоли ғоявӣ, ки воситаҳои тафаккур ва фаъолияти инсон ё табақаи иҷтимоиро муайян мекунад; усул, ғоя, ҳадаф ё намунаи чизе ё касе дар шакли комилу маънии матлуб, ки бисёр хубу олӣ ва арзишманд ба назар мерасад ва шахс кӯшиши ба он расидан мекунад.

Масъалаи идеал бори нахуст дар фалсафаи классикии Олмон, бахусус дар осори Кант дар алоқамандӣ бо масъалаи «ҳадафҳои ботинӣ» баррасӣ гардид. Ба андешаи Кант инсон ягона мавҷудест, ки бо «ҳадафҳои ботинӣ»-и хеш амал мекунад. Дар ҷаҳони ҳайвон ҳадафҳои ботинӣ бешуурона амалӣ мешаванд ва аз ин рӯ, шакли идеалро намегиранд. Дар масъалаи идеал ғояҳои Кантро Шиллер, Фихте, Шеллинг ва хаёлпарастони Олмон инкишоф доданд. Идеал неруи фаъол ва созмонёфтаи шуури одамон буда, онҳоро дар доираи ҳалли вазифаҳои муайян муттаҳид мекунад. Дар ҷаҳони муосир низоми ғояҳои адолат, баробарӣ, сулҳ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ идеали асосии ҷомеаву давлатҳо мебошад.

Навъҳои идеал

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • ахлоқӣ
  • эстетикӣ
  • сиёсӣ
  • фардӣ ва ғ.

Идеали ахлоқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Идеали ахлоқӣ намунаи олии камолоти маънавӣ, мақсади наҷибтарини инкишофи ахлоқии шахс, тимсоли ибрат ва сармашқи рафтор дар вазъиятҳои гуногун аст. Идеали ахлоқӣ дорои қувваи бузурги ҳавасмандӣ барои ояндаи матлуб буда, ҳамчун асос ва пойдевори аслҳои ахлоқӣ, қоидаю меъёрҳои рафтори одамон хидмат мекунад. Идеали ахлоқӣ ба сохти давлатию ҷамъиятӣ алоқаи наздик дошта, завқу эҳтиёҷоти гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоиро ифода мекунад. Идеалистон идеали ахлоқиро аз асоси заминиаш канда, то ба ҳадди нестӣ мерасонанд. Бархилофи онҳо материалистон алоқамандии идеали ахлоқиро бо воқеият эътироф мекунанд. Идеали ахлоқӣ ба идеалҳои сиёсӣ ва эстетикии ҷомеаи муайян вобаста буда, моҳиятан вазифаи мураттаб кардани ахлоқро ба ҷо меорад. Фарқи идеали ахлоқӣ аз категорияҳои ахлоқӣ дар он аст, ки вай танҳо ҷиҳатҳои пешқадами ҳаётро инъикос мекунад. Идеали ахлоқиро бо меъёрҳои ахлоқӣ як шумурдан хатост, зеро вай танҳо намунаи қоидаҳои ахлоқӣ аст. Яке аз хусусиятҳои хосси идеали ахлоқӣ он аст, ки вай ҳамеша аз дараҷаи меъёрҳои мавҷудаю маъмули ахлоқӣ бартар аст ва дар заминаи меъёрҳои мавҷудаи ахлоқии ҳаёти воқеӣ ба вуҷуд омада, барои такомули ҷиҳатҳои пешқадами он намунаи хуб мешавад ва аъзои ҷамъиятро ба худшиносӣ ҳидоят мекунад. Дар ташаккули идеали ахлоқӣ воқеият, идеология, сиёсат, санъату адабиёт, илму фан, инчунин хусусиятҳои фардӣ — завқ, табъ, қобилият, ҳофиза ва ғ. нақши муҳим мебозанд.

Идеали зебоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Идеали зебоӣ тасаввуроти ҳиссию мушаххас дар бораи одам, табиат ва ҷамъият мебошад. Идеали зебоӣ дар шароити муайяни таърихӣ дар асоси таҷрибаи кории одамон пайдо шуда, дар рафти тараққиёти таърихии ҷамъият тағйир меёбад. Идеали зебоӣ пеш аз ҳама ба воситаи санъат шакл мегирад; бо дигар идеалҳои ҷамъиятӣ (ахлоқӣ, сиёсӣ ва ғайра), алоқаи диалектикӣ дошта, онҳоро пурра мекунад. Ҳаёти моддӣ ва маънавии ҳар замон дар идеали эстетикии одамон таҷассум меёбад. Ҳар як давраи таърихӣ идеали зебоии худро дорад. Мас., идеали зебоии юнониёни қадим одами ҷисман ва рӯҳан комил, қавиирода, ғаюр ва озод буд (муҷассамаҳои Фидий ва Поликлет ва ғайра). Таносуби зичи ботинию зоҳирӣ шаклу мазмуни идеали зебоии юнониёни қадим буд. Мутаносибии ҳиссу ақл, хираду дониш идеали зебоии давраи Эҳё будааст (Мирандола, Леонардо да Винчи, Ибни Сино, Умари Хайём, Абдурраҳмони Ҷомӣ). Дар давраи феодализм меҳнати озод, хушбахтӣ, истиқлолу ягонагии ватан мазмуни идеали зебоиро ташкил медоданд. Образҳои қаҳрамонони адабӣ ва таърихӣ ¬Рустам, Суҳроб, Темурмалик, Восеъ, ки барои озодии ватан, халқ мубориза мебурданд, таҷассуми идеали зебоии давр мебошанд. Зебоишиносии классисизм идеали зебоии худро дар санъати юнониёни қадим медид. Зебоишиносии маорифпарварӣ (Дидро, Лессинг) муносибати идеали зебоӣ ва зиндагиро ба миён гузошт. Дар ҷамъияти буржуазӣ меҳнати озод, хушбахтӣ, бародарӣ, баробарӣ идеали зебоии синфи коргари ин даврро ташкил мекунанд. Зебошиносии марксистӣ таълим медиҳад, ки асоси идеали зебоиро ягонагии орзу ва ҳақиқат, мақсаду воситаҳои беҳтар шудани зиндагӣ ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар идеали зебоӣ меъёри зебоӣ, қаҳрамонӣ, хушбахтӣ буда, эҷодкорро барои дуруст ва ҳаққонӣ тасвир кардани зиддиятҳои ҳақиқати воқеӣ водор мекунад.

Идеали сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Идеали сиёсӣ мақсади олии сиёсӣ аст, ки ба он субъектҳои сиёсӣ ва табақаҳои васеи аҳолӣ майл карда, дар фаъолияти роҳбарии худ аз он истифода мекунанд. Идеалҳо дар низоми ғояҳо, тасаввурот, дастурҳои мақсаднок ва арзишҳое, ки роҳҳои ҳаётии шаҳрвандонро муайян мекунанд, инъикос меёбанд. Идеали сиёсӣ ҳамеша чун манфиат ифода ёфта, аз тарафи омма он вақт қабул мешавад, ки агар бо талаботи моддию маънавӣ ва орзуҳои онҳо мувофиқ ояд. Дар амалияи ҷамъиятӣ идеали сиёсӣ фарогири падидаҳо ва равандҳои сиёсӣ мебошад (мас., сохтори сиёсӣ ва давлатии ҷомеа, шуур ва фаъолияти субъекти сиёсӣ, ки ба марҳалаи мушаххаси таърихӣ мувофиқ аст; арзишҳои сиёсие, ки ба амали волою самарбахш ҳидоят мекунанд; образи ходимони сиёсӣ, ки омма онҳоро ҳамчун сарвари идеалӣ эътироф кардааст; низоми меъёрӣ ва қонунӣ (легитимӣ)-и ҳокимият, ки ба тасаввуроти идеалии ҳокимият мувофиқат мекунад). Вазифаҳои идеал с. вобаста ба ҳадафҳои асосӣ: пешбинӣ кардан, танзим, баҳодиҳӣ, ҳамгироӣ ва ғ.

Идеали фардӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Идеали фардӣ кӯшиши шахс барои расидан ба хушбахтӣ ва таъмин кардани талаботи ҳаётӣ мебошад. Ҳар фард идеали худро дошта, шахсеро барои фаъолият ё ҳунари волояш идеал интихоб мекунад. Идеали кӯдакону наврасон дар аввал падару модар, бародарону хоҳарон, муаллимон ва дигарон ба шумор мераванд. Баъдтар дар ҷавонӣ барои онҳо абармардони давлату миллат, олимон, шоирону адибони барҷаста, сиёсатмадорони машҳур, қаҳрамонони филмҳо, ситораҳои варзиш, ҳофизони номӣ ва дигарон ҳамчун манбаи ҳувиятсозу шахсиятсоз хидмат мекунанд ва барои ба идеал ё ҳадафи худ расидан аз кору фаъолияти шахсиятҳои мазбур тақлид мекунанд. Ҷанбаҳои идеали фардӣ: эҳсосот (тасаввури хушбахтии шахсӣ), дарки мақсадҳо ва моҳияти ҳаёт, асосҳои фаъолият, муносибат бо дигар одамон.

  • Зокиров Г. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ. 1. Д., 2016.