Jump to content

Андешанигошт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Идеограмма)

Идеограмма (аз юн.-қад. εἶδος — идея ва γράμμα), андешанигошт (форсӣ: اندیشه‌نگاشت‎) — аломатҳои хаттӣ ё тасвири шартӣ, расм, ки дар муқоиса бо ҳарф на овоз ё ҳиҷои ягон забон, балки калимаи пурра ё решаи калимаро ифода мекунад.

Аломат ва нишонаҳо дар забони форсии қадим, ки ҳузвориш меноманд ва ба як тарз навишта шуда, вале ба тарзи дигар қироат мешуд. Дар радифи мафҳуми идеограмма истилоҳи «логограмма» низ истифода мешавад.

Идеограммаҳо дар низоми хатти идеографӣ истифода мешаванд. Онҳо тасвирҳои содатаре мебошанд, ки мафҳумҳои мушаххаси мавҷудот ва ашёро ифода менамояд. Хатти идеографӣ навъи хаттотиест, ки аломатҳо (идеограмма)-и он баъзе ғояҳоро ифода мекунанд. Идеограммаҳои одии хатҳои қадимӣ умуман ба ҳамдигар мувофиқанд (мас., дар осори хаттии хитойиҳо ва қабилаи Майя, ки таърихан ва ҳудудан аз ҳам дур мебошанд, тасвири ашки ҷории чашм андуҳро ифода мекунад). Аз ҷиҳати назариявӣ матни хатҳои идеографӣ ба одамоне, ки ба забонҳои гуногун гуфтугӯ мекунанд, ҳатто агар хатти идеографии забонҳои онҳо гуногун бошад ҳам, фаҳмост. Чунончи, мафҳуми об бо хатти мисрӣ дар шакли мавҷ, бо хатти хитойӣ дар шакли ҷараён, дар хатти астекӣ дар шакли зарфи кабудранг тасвир карда мешавад. Сарфи назар аз тафовути тасвирӣ, ҳамаи ин аломатҳо метавонанд ба одамоне, ки бо дигар хатҳо шинос нестанд, фаҳмо бошанд. Ҳоло низоми муосири хатти идеографӣ вуҷуд дорад, ки барои одамони қаблан бо чунин хат ноошно низ қобили фаҳму истифода аст. Намунаи он 50 идеограмма мебошад, ки соли 1970 бо фармони Вазорати нақлиёти ИМА таҳия шудааст. Ин низом аввал барои аломатгузории фурудгоҳҳо пешбинӣ шуда, тадриҷан дар ҳама арсаҳо маъмул гардид. Ба хатти идеографӣ ҳамчунин забонҳои рамзӣ, аз ҷумла забони дар кишварҳои гуногун роиҷгаштаи кару гунгҳоро низ нисбат додан мумкин аст.