Идораи ВАО

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идораи ВАО – 1) коллективи журналистоне, ки дар рӯйхати (штат) як ташкилот, муассиса, корхона дохил шуда, ба нашри васоити ахбори омма машғуланд, фаъолияти васоити ахбори оммаро дар асоси талаботи вазифаҳои хидматии корфармоён ба роҳ мемонанд; 2) шахси ҳуқуқӣ, ки новобаста ба шакли мансубият, чун сохтори ношир, ки воситаи ахбори оммаро ба чоп (пахш) омода мекунад. Вазифаҳои идора мувофиқи шартнома бо ношир аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро карда мешавад; 3) ташкилот, муассиса, корхона ва ё шаҳрванду иттиҳодияи шаҳрвандон, ки истеҳсол ва нашри васоити ахбори оммаро новобаста аз шакли мансубияташон ба роҳ андохта, нашру пахши ВАО-ро таъмин мекунанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 95. ISBN 978-999-47-43-37-7