Известия Академии наук СССР
Забон | русӣ |
---|
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]][[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба русӣ]]
«Известия Академии наук СССР» (Ахбори Академияи илмҳои ИҶШС) — маҷаллаҳои илмии бахшҳо ва шуъбаҳои АИ ИҶШС.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Нашри «Известия Академии наук СССР» соли 1925 оғоз ёфта, баъдан аз тарафи шуъбаҳои физикаю риёзиёт ва илмҳои ҷамъиятӣ (1928), риёзиёт, табиатшиносӣ ва ҷамъиятӣ (1931) ба табъ мерасид. Солҳои 30 асри 20 баъди дар ҳайати Академия ташкил шудани 8 шуъба вобаста ба тамоми шуъбаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва илмҳои техникӣ дар 7 силсила (серия) чоп мешуд. Баъдан (1940) нашри силсилаи «Шуъбаи забон ва адабиёт» оғоз ёфт. Соли 1951 «Силсилаи ҷуғрофия ва геофизика» ба ду қисми алоҳида тақсим шуд. Солҳои 60 асри 20 баъди таҷдиди Академия ва дар ҳайати он таъсис ёфтани 17 шуъба ва 4 бахш «Известия Академии наук СССР» бо 20 силсила дар шаҳрҳои Маскав ва Новосибирск ба табъ мерасид. Ба истиснои «Силсилаи физика», ки дар саҳифаҳои худ фақат маърӯзаҳои ҷаласаҳои умумӣ, анҷуману конференсияҳои илмии АИ ИҶШС-ро оид ба масъалаҳои физика ҷой медод, силсилаҳои дигари «Известия Академии наук СССР» дар мавзӯъҳои соҳавӣ хабару мақолаҳо ба табъ мерасонданд. Шуъбаи сибирии АИ ИҶШС аз соли 1957 нашри силсилаи маҷаллаҳои илмии «Известия Сибирского отделения Академии наук СССР»-ро ба роҳ монда буд, ки дар онҳо натиҷаи таҳқиқоти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Сибир ва Шарқи Дур дарҷ мегардиданд. «Известия Академии наук СССР» соли 1992 ба «Известия Российской Академии наук» табдил дода шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Известия Академии наук СССР / Қ. Шарифзода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.