Изогона
Изогона (от юн.-қад. ισος — «баробар» и γωνία — «кунҷ») — изохатҳои самтгирии ягон бузургии физикӣ; дар харитаи ҷуғрофиёӣ изохаттест, ки нуқтаҳои қиматашон яксони ягон кунҷ, ягон чизи самт ва тамоюлаш яксонро ба ҳам мепайвандад.
Дар метеорология изогона хаттест, ки нуқтаҳои самташон яксони шамолро нишон дода, онҳоро пайваст мекунад. Дар магнетизми Замин изогонаҳо хатҳое мебошанд, ки қиматҳои яксони майли магнитиро мепайванданд. Дар харитаҳои магнитӣ изогонаҳо дар арзҳои миёна тақр. самти меридианӣ, вале дар қисми шарқии қитъаи Осиё шакли сарбаста доранд. Дар арзҳои баланд изогона ба қутбҳои ҷуғрофиёӣ ва магнитӣ наздик мешавад. Дар астрономия изогонаи гирифти Офтобу Моҳтоб гуфта хатҳоеро меноманд, ки аз ҳамон нуқтаҳои сатҳи Замин мегузаранд. Аз онҳо хатҳои рости пайвасткунандаи маркази Офтоб (ё Моҳтоб) ва нуқтаҳои расиши оғоз ё анҷоми гирифти нопурраро таҳти кунҷҳои яксони мавқеӣ (позитсионӣ) дидан мумкин аст. изогонаро пешакӣ ҳисоб карда, дар мушоҳидаҳои гирифти Офтобу Моҳтоб ба кор мебаранд. Барои хатҳои тамоюлашон баробар (аз ҷумла барои изохатҳои тамоюли магнитӣ) истилоҳи изоклинро истифода мекунанд (нигар Инклинатор).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изогона / Ю. Азизов. // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.