Изодинамия
Изодинамия (аз изо… ва dynamis — қувва, неру, қобилият), қонуни изодинамия — имкони иваз кардани як моддаи ғизоӣ ба моддаи ғизоии дигар бо эквивалентҳо ва таносуби миқдорӣ.
Истилоҳи изодинамияро соли 1883 физиологи олмонӣ М. Рубнер ба илм ворид кардааст. Мас., 1 г карбоҳидратро метавонад 1 г сафеда иваз кунад (ҳангоми оксид шудани сафеда ва карбоҳидратҳо дар андомгон 4,1 ккал/г озод мешавад); 2,27 г сафеда мувофиқ ба 1 г чарбӣ аст (ҳангоми оксид шудани 1 г чарбӣ 9,3 ккал/г озод мешавад). Вале дар мавриди иваз кардани як модда ба моддаи дигар бояд баъзе маҳдудиятҳо риоя шаванд, зеро моддаҳои ғизоӣ бояд на танҳо неруро такмил диҳанд, балки хароҷоти андомгонро низ барқарор намоянд. Ин бештар ба сафедаҳо, ки миқдорашон дар ғизо бояд аз сатҳи муқаррарӣ кам набошад, дахл дорад. Карбоҳидратҳо ва чарбӣ метавонанд ҳамдигарро то ҳадди имконпазир иваз кунанд. Истеъмоли барзиёди сафеда барои ҷигар гаронӣ ба бор меорад; зиёд будани чарбӣ муҷиби куллан оксид нашудани маҳсули мубодила ва падид омадани бемории атсидоз мешавад. Моддаҳои асосие, ки талафоти неруии андомгонро барқарор месозанд, карбоҳидратҳо мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изодинамия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.