Изопрениҳо
Изопрениҳо — синфи калони пайвастҳои табиӣ, ки дар андомгон аз асиди мевалонат ҳосил мешаванд.
Асиди мевалонат дар микросомаҳои ҳуҷайраҳо ба «ҷузъҳои панҷкарбона»-и сохторашон шабеҳ ба изопрен табдил меёбад. Синтези биологии изопрениҳо раванди пайвастшавии мураттаб (конденсатсия)-и ин гуна воҳидҳои панҷкарбона дар занҷири дарозиаш гуногун мебошад. Дучандшавӣ, занҷирнокӣ, оксидшавӣ, барқароршавӣ ва гурӯҳбандии чунин занҷирҳо боиси гуногунии сохтори изопрениҳо мегардад. Ба изопрениҳо стеринҳо, терпенҳо, стероидҳо, каратоноидҳо, ксантофилҳо, ҳамчунин полиизопреноиҳо — каучуки табиӣ ва гуттаперча мансубанд. Баъзе изопрениҳо аҳаммияти зиёди биологӣ доранд, масалан ҳормонҳои ҳайвонот, рустанӣ ва мавҷудоти дараҷаи паст, баъзе витаминҳо, антибиотикҳо, аттарактанҳо ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изопрениҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.