Jump to content

Изофакорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изофакорӣ, кори изофа — коре, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кории давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.

Агар иҷрои кори зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат ба корманд ҷуброн шуда бошад, чунин кор изофакорӣ ҳисоб намеёбад. Корфармо дар бораи изофакорӣ фармоиш мебарорад; дар он зарурат ва сабабҳои ба изофакорӣ ҷалб кардани гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон дарҷ мешавад. Агар чунин фармоиш бароварда нашуда, кори зиёда аз давомнокии вақти кори ҳаррӯза аз ҷониби корманд дар асоси амри шифоҳии корфармо иҷро шуда бошад, чунин кор низ изофакорӣ ба ҳисоб меравад. Корфармо уҳдадор аст, ки зимни изофакорӣ бехатарии кори кормандро таъмин намуда, барои ӯ шароити муътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо фароҳам оварад. Чунин шахсонро ба изофакорӣ ҷалб кардан мумкин нест: занони ҳомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд; кормандони аз 18-сола хурд. Занонеро, ки фарзанди 3‒14-сола (фарзанди маъюби то 16-сола) доранд, ба изофакорӣ бо розигии онҳо ҷалб кардан мумкин аст. Ба изофакорӣ ҷалб кардани маъюбон танҳо бо розигии онҳо ва ба шарте мумкин аст, ки агар иҷрои чунин кор барои онҳо тибқи нишондоди тиббӣ манъ нашуда бошад.[1]

Иҷрои кор дар соатҳои рухсатии бемаош, иҷрои кор аз тарафи шахсони дар чанд ҷой коркунанда (дар вақти зиёда аз давомнокии вақти кори муқарраршуда); корҳое, ки аз тарафи корманд зиёда аз вақти дар шартномаи меҳнатӣ нишондодашуда, вале дар доираи давомнокии рӯз (баст)-и кории муқаррар иҷро мешаванд. Қонунгузорӣ барои ҷалб кардан ба изофакорӣ зарурати гирифтани розигии корманд ва мақомоти намояндагии кормандро пешбинӣ кардааст. Корфармо бояд то оғози изофакорӣ аз мақомоти намояндагии корманд барои истифодаи изофакор иҷозат гирад. Аз изофакор бидуни гирифтании розигии пешакии мақомоти намояндагии кормандон танҳо дар ҳолатҳои фавқулода (офатҳои табиӣ, садама, ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда) истифода бурдан мумкин аст. Мақомоти намояндагии кормандон (кумитаи иттифоқи касаба) бояд муроҷиати корфарморо дар хусуси ба изофакорӣ ҷалб кардани корманд дар маҷлиси худ баррасӣ намояд.[1]

Мамнӯъияти изофакорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва зарарнок мебошанд, изофакорӣ манъ аст. Изофакорӣ набояд ду рӯз пай дар пай аз соатҳои муқаррар зиёд бошад. Ҳадди ниҳоии соатҳои изофакорӣ дар корҳои шароиташон вазнин ва ё зараровар ду рӯз пай дар пай то 2 соат ва то 4 соат дар корҳои дигар мебошад. Дар давоми сол зиёда аз 120 соат ба изофакорӣ ҷалб кардани кормандон мумкин нест.[1]

Ҳолатҳои истисноӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибати офатҳои табиӣ ва хатари умум зарур мебошанд; иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдоште, ки фаъолияти муътадили истеҳсолотро халалдор месозанд; зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки анҷом додани онҳо бинобар сабабҳои техникӣ, ғайричашмдошт ва ё тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ ғайриимкон аст (агар қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводду таҷҳизот шавад); иҷрои корҳои муваққатӣ оид ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки аз кор мондани онҳо боиси қатъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад; давом додани кор дар истеҳсолоти доимо амалкунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда (дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз кардани корманди навбатдор чораҳои фаврӣ андешад); иҷрои корҳои боркуниву борфурорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фуровардани борҳои воситаи нақлиёт бо мақсади пешгирии ҷамъшавии бор дар нуқтаҳои интиқолу қабули бор ва бекористии воситаҳои нақлиёт.[1]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2016.