Изуддини Кошонӣ
Таърихи таваллуд | 1334 |
---|
Иззуддин Маҳмуди Кошонӣ (форсӣ: عزالدین محمود کاشانی; зод. 1334) — фақеҳ, ориф, файласуф, суфӣ ва донишманди форс-тоҷик. Дар ҷавонӣ назди устодон Нуруддин Абдуссамад ибни Алии Исфаҳонӣ (фавт 1299/1300) ва Заҳируддин Абдурраҳмон ибни Наҷибуддин Алии Шерозӣ илмҳои маъмули замон, аз қабили фиқҳ, ҳадис, калом, фалсафа, мантиқ ва адабро фаро гирифта, дар ин улум маҳорати волоеро соҳиб шуд. И. К. дар фурӯъи мазҳаб ‒ шофеӣ, дар маслак ‒ суфӣ ва дар усули ақоид ашъарӣ буд. Ӯ дар заминаи фалсафа, тасаввуф, ахлоқу адаб, мантиқ ва фиқҳ осори бисёр навиштааст. Муҳимтарин таълифи И. К. «Мисбоҳу-л-ҳидоя» ё «Мисбоҳу-л-ҳидоя ва мифтоҳу-л-кифоя» буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Китоб дар мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ баҳс мекунад. «Ишқнома» (дар тасаввуф), «Ақлнома» (дар тасаввуф), «Истилоҳоту-с-суфия», "Шарҳи «Фусусу-л-ҳикам», "Шарҳи «Манозилу-с-соирин», «Туҳфату-л-ихвон…» ва тарҷумаи «Аворифу-л-маориф» аз осори дигари ӯянд. И. К. шеър низ месурудааст. Рубоии зер аз ӯст:
Эй дӯст, миёни мо ҷудоӣ то кай?
Чун ман туам, манию моӣ то кай?
Бо ғайрати ту манию моӣ чу намонд,
Пас дар назари ин ғайр намоӣ то кай?
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Изуддини Кошӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.