Илоҳиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Илоҳиёт (ар. الهیات‎), худошиносӣ, яздоншиносӣ — адои бурҳон дар бораи Худо аст.

Ин унвон метавонад ба хониши дигар мавзӯоти динӣ низ ишора кунад. Ҳамчунин илоҳиёт мутолиаи интиқоди мафҳумҳо дарбораи Худо ва моҳияти баҳсҳои динӣ аст. Илоҳиёт ба унвони як риштаи мустаҳками донишгоҳӣ дар донишгоҳҳо, семинарҳо ва мактабҳои динӣ, таълим дода мешавад[1].

Августин Қиддис муодили вожаи лотини съулогия (theology) илоҳиётро чунин таъриф мекунад: «Истидлол ва баҳс дарбораи Худо»[2]. Ричард Ҳукер илоҳидони англисӣ илоҳиётро ба унвони «илми умури илоҳӣ» таъриф кардааст[3]. Ин вожа метавонад дар айни ҳол ба маъниҳои гуногуне аз риштаҳо ва ҳавзаҳои гуногун шарҳ дода шавад[4]. Илоҳидонон суратҳои гуногуне аз далелҳо ва таҳлилҳои мухталифи фалсафӣ, каломӣ, таърихӣ ва таҷрибиро ба кор мебаранд то аз шумори зиёди мавзӯъҳои динӣ дифоъ кунанд, ё аз онҳо интиқод кунанд ё онҳоро бифаҳманд ва баён кунанд. Илоҳиёт метавонад илоҳидононро ба суратҳои зер кумак кунад:

  • Фаҳмидани дурусттари суннатҳои динишон[5]
  • Фаҳмидани дурусттари суннатҳои динии дигар[6]
  • Муқоиса кардан миёни суннатҳои динӣ[7]
  • Дифоъ аз як суннати динӣ
  • Ислоҳ кардани як суннати хос[8]
  • Кумак ба таблиғи як суннати динӣ[9]
  • Таваҷҷуҳ ба манбаъҳои як суннат барои мухотаб қарор додани бархе вазъиятҳо ва ниёзҳои ҳозир[10]
  • Таваҷҷуҳ ба манбаъҳои як суннат барои ҷустуҷӯи роҳҳои мумкини тафсири ҷаҳон[11]
  • Ковиши моҳияти илоҳӣ бидуни боздоштан ба суннати хос
  • Ковиш, мухолифат ё як суннати динӣ ё як ҷаҳоннигарии динӣ

Таърихи илоҳиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёт дар Юнон[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёт дар Юнон ба даврони қабл аз Суқрот бармегардад. Дар замони Порманидс, ки ӯро падари метафизик меноманд илоҳиёт ва метафизик дар ҳам шуда буд ва баҳси метафизики Порманидс бо илҳом аз олами ғайб буд. Афлотун ва Арасту ба тартиб бо бунёди қарордодани ида ва воқеият ва низ бо ҷудо кардани баҳсҳои олами ғайб аз метафизик илоҳиёти юнониро аз метафизик ба таври ҷузъӣ ҷудо карданд, аммо мафҳумҳои ба монанди илоҳиёт ҳанӯз дар метафизики Афлотун вуҷуд дошт. Дар қарнҳои баъд бо баҳси сарф дарбораи вуҷуд дар маънои куллии он метафизик ба таври комил аз илоҳиёт ҷудо шуд.

Илоҳиёт дар масеҳият[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёт, ба маънии худошиносӣ аст, ки мубини таъриф, тавсиф ва шинохти Худо дар як дин аст. Дар илоҳиёти масеҳӣ, баҳси маҳдуд ба вуҷуди Худо намемонад, балки мавзӯъҳои дигаре низ мавриди мутолиа ва таҳқиқ қарор мегиранд. Мавзуъҳои умдаи илоҳиёти масеҳӣ иборатанд аз: Худошиносӣ, масеҳшиносӣ, таслис, наҷотшиносӣ, китоби Муқаддас ва охиратшиносӣ.

Масеҳият дар аввалҳои зуҳури тайи чаҳор қарн, дини яккатози майдон набуд ва мебоист бо андешаҳои фалсафӣ ва ақидаҳои дини саросари императори Рим, Миср ва Форс мубориза кунад. Дар ҷараёни ин кишмакишҳо илоҳиёти масеҳӣ бино шуда, рушд кард ва шакл гирифт. Баъд аз қарни шонздаҳум низ дастхуши андешаҳои даврон равшангарӣ (Enlightenment) ва озодандешӣ буда ва ба ҳамин далел аст, ки таъсирӣ илоҳиётӣ масеҳӣ ба суратӣ густурда бар ҷомеаи Шарқ ва Ғарб ошкор аст. Озодии баён ва фикр дар дунёи имрӯзи Ғарб имкони инро фароҳам оварда то ҳар фирқа ва ҳатто ҳар калисо, илоҳиёт ва мунҳасир ба худро шакл диҳад. Ба ҳамин далел номумкин аст, ки таърифи воҳид аз илоҳиёти масеҳӣ ироа дода шавад, ки битавонад тамоми дидгоҳҳои мавҷуди фирқаҳо ва калисоҳоро дарбргирад; Вале, ин ба маънои ихтилоф ва таззодт куллӣ миён ин дидгоҳҳо нест. Ҳамаи клисоҳо дар мавзуъҳои умдаи дини масеҳият боҳам ҳамназаранд. Ончи илоҳиёти калисоҳоро аз ҳам ҷудо месозад, ихтилофҳои бунёдӣ нест, балки тафовутҳои вобаста аст.

Муносиб аст илоҳиёти масеҳиро аз ду ҷанба ба таври фишурда маврид баррасӣ қарор диҳем; Яъне аз дидгоҳи илоҳиёти муҳофиза кор ва илоҳиёти либерал ё озодандеш.

Мавзуъҳои маврид баррасии мо инҳоянд:

Худо дар илоҳиёти масеҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Худо дар илоҳиёти масеҳӣ сирфан як қудрати номаҳдуд нест, балки Худо дорои шахсият аст. Худо дар моҳияташ дорои сифоти зотӣ ва ахлоқӣ аст. Баҳси моҳияти Худо ваҳдониятро низ дарбар мегирад. Ваҳдонияти Худо дар илоҳиёти масеҳӣ ба ин маъност, ки фақат ва фақат як Худо вуҷуд дорад. Як мавҷуди илоҳӣ, ки шоистаи парастиш ва ибодат аст. Худо офаридагор ва меъмори тамоми коинот ва хилқат аст. Тамоми хилқат, дар ниҳоят, таҳти фармон ва иродаи ӯ мебошад. Худо ҳукмфармои мутлақ дар хилқат аст, ки ҳеч ниёзе надорад.

Таслис (аҳли насоро)[вироиш | вироиши манбаъ]

Таслис яке аз эътиқодоти бунёдини масеҳият аст, ки бар асоси он Худои ягона дар се шахс Худойи падар, Худойи писар (, ки дар Исои Масеҳ таҷассум пайдо кард) ва Худойи рӯҳулқудс мебошанд. Ин се зот яксонӣ дошта, вале аз ҳам ҷудо мебошанд.

Наҷотшиносӣ растагоришиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Растагоришиносӣ аз риштаҳои фаръӣ дар диншиносӣ аст. Растгоришиносӣ баҳсе аст, ки ба баррасии масъалаи наҷот ва растагории ниҳоии башар дар адёни гуногун мепардозад. Баҳсҳое чун имкони растагорӣ дар адён, чигунагии растагорӣ, робитаи шариат ва растгорӣ ва ҳамчунин чистии растгорӣ дар адёни мухталифи зер ин унвон қарор мегиранд. Аммо манзур аз он дар инҷо баррасии чигунагии наҷот бо дастовезе ба таълимҳои масеҳият аст.

Мутолеаи китоби Муқаддас[вироиш | вироиши манбаъ]

Бархе илоҳидонони масеҳӣ ба таври тахассусӣ дар ҳавзаи мутолеаи китоби Муқаддас фаъолият мекунанд.

Охиратшиносӣ — фарҷомшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёти муҳофиза кор, илоҳиёти расмӣ тақрибан ҳамаи фирқаҳост (артудкс, католик, протистонт ва фирқаҳои ғайруобста). Муҳофиза корон, чӣ маънавӣ бошанд ё модерн, илоҳиёт ва таълими падарони клисоро ҳифз мекунанд. Илоҳиёти либерал онгуна, ки аз номаш пайдост, баёнгари дидгоҳҳои озоди калисоҳо ва афродест, ки илоҳиёти расмии масеҳиро намепазиранд. Онҳо тарафдори мактаби асолати амали прогмотизм ҳастанд, ки иддао дорад имон бояд дар нукоти ҷаҳон идея ва идеализм мутолиа шавад, ки дар ҷаҳон идея ҳеч чизе собит ва қатъӣ нест, балки нисбӣ. Ҳамчунон имон бояд дар маҳдудаи фаризаҳои маъқул ва истидлоли мантиқӣ боқӣ монад.

Илоҳиёт дар ислом[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёт яъне ончи марбут ба Аллоҳ бошад ва илми илоҳӣ яке аз қисмҳои ҳикмат мебошад чун ҳикмат шомили риёзиёт, табиӣ ва илми илоҳӣ мешавад. Илми илоҳӣ яъне илми худошиносӣ дар ислом ба маънии шинохти Аллоҳ аст. Илми илоҳиёт ба ва мафҳуми умумии фалсафа ва калом, баҳсе аст марбут ба шинохти Худо ва исботи вуҷуди ӯ ва сифоти ҷалол ва ҷамоли Ӯ, аз сифоти исбот ва ҷудонамудани сифоти зот ва феъл.

Мавзӯъ ва баҳси илоҳиёти исломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳс ва масоили илми илоҳӣ яке аз матнҳои ҳикмат аст, ҳикмати илоҳӣ ба маънии ҳикмати мобуъдуттабиа аст. Илми аъло шомили ақл ва осори он дар олами ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ, воҷибулвуҷуд, ваҳдоният ва ҷалолу фазл ва инояти Ӯ, мовароуттабиа мегардад ва метавон гуфт дар илоҳиёт аз исботи Худо, баҳс мекунем; Ва ҳамчунин аз суннатҳои илоҳӣ дар олами хилқат ва таквин ва олами ташреъ ва таклиф ва натаҷаҳову ғоёти афъоли илоҳӣ ва аз афъоле, ки аз ӯ содир намешавад ва иноёти омма ва хоссаи ӯ нисбат ба бандагон баҳс мекунем. Дар ин мафҳум тамоми баҳсҳои тавҳидӣ, нубувват ва фалсафа ва ҳар чӣ аз ҷунуди ғайбӣ ва зоҳири ӯст, яъне тамом улуми исломи ворид мешавад.

Сайри таърихии илми илоҳиёти исломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Илоҳиёт дар ислом аз ибтидои ҳаёт дини ислом оғоз шудааст. Ибни Абиалҳадид, ки аз донишмандони аҳли суннат мебошад менависад: ҳикмат ва баҳс дар умури илоҳӣ фанни аз аҳди араб набуд ва дар кӯчак ва бузурги онҳо собиқа надошт ва нахустин кас аз араб, ки бар ин улум пардохт Алӣ буд, ки мабоҳиси дақиқи тавҳид ва адл дар суханонаш парокандааст[12]. Дар фалсафа, илми илоҳиёт ба ду қисмат тақсим мешавад: илоҳиёт ба маънии ааммӣ ва илоҳиёт ба маънӣ ахас.

Илоҳиёт ба маънии оломи умури оммаи фалсафа аст яъне вуҷуд ва аҳволи вуҷуд, ва илоҳиёт бамаънии хос марбут ба мафҳумҳои метафизики дар мавриди Худо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. theology. Wordnetweb.princeton.edu. 11 ноябри 2012 санҷида шуд.
  2. City of God Book VIII. i. «de divinitate rationem sive sermonem» Бойгонӣ шудааст 4 апрели 2008  сол.
  3. ''Of the Laws of Ecclesiastical Polity'', 3.8.11 (PDF). 11 ноябри 2012 санҷида шуд.
  4. McGrath, Alister. 1998. Historical Theology: An Introduction to the History of Christian Thought. Oxford: Blackwell Publishers. pp. 1-8.
  5. See, e.g. , Daniel L. Migliore, Faith Seeking Understanding: An Introduction to Christian Theology 2nd ed.(Grand Rapids: Eerdmans, 2004)
  6. See, e.g. , Michael S. Kogan, 'Toward a Jewish Theology of Christianity' in The Journal of Ecumenical Studies 32.1 (Winter 1995), 89-106; available online at [1] Бойгонӣ шудааст 15 июни 2006  сол.
  7. See, e.g. , David Burrell, Freedom and Creation in Three Traditions (Notre Dame: University of Notre Dame Press, 1994)
  8. See, e.g. , John Shelby Spong, Why Christianity Must Change or Die (New York: Harper Collins, 2001)
  9. See, e.g. , Duncan Dormor et al (eds), Anglicanism, the Answer to Modernity (London: Continuum, 2003)
  10. See, e.g. , Timothy Gorringe, Crime, Changing Society and the Churches Series (London:SPCK, 2004)
  11. See e.g. , Anne Hunt Overzee’s gloss upon the view of Ricœur (1913—2005) as to the role and work of 'theologian': «Paul Ricœur speaks of the theologian as a hermeneut, whose task is to interpret the multivalent, rich metaphors arising from the symbolic bases of tradition so that the symbols may 'speak' once again to our existential situation.» Anne Hunt Overzee The body divine: the symbol of the body in the works of Teilhard de Chardin and Rāmānuja, Cambridge studies in religious traditions 2 (Cambridge: Cambridge University Press, 1992), ISBN 0-521-38516-4  ва en, ISBN 978-0-521-38516-9  ва en, p.4; Source: [2] (accessed: Monday 5 April 2010)
  12. Hartmut Scharfe, Education in Ancient India (Leiden: Brill, 2002), p.149.