Jump to content

Илоҳӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илоҳӣ (шоир)

Илоҳӣ (форсӣ: الهی‎; ?, Бадахшон — 1652, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бадахшон. Бино ба маълумоти Нисорӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб» ва Муҳаммад Ааъзам дар «Таърихи Кашмир» Илоҳӣ пас аз таҳсили мадрасаҳои Бухоро дар шоирӣ шуҳрат ёфта, боз ба Бадахшон баргаштааст. Илоҳӣ ба Ҳиндустон рафта, муддате дар Кашмир низ зистааст. Ӯ шоири хуштабъу ҳозирҷавоб буда, дар тазкираҳо «наводири даврон», «малики мулки назм» ва «дар иқлими сухан беқарин» ёд шудааст. Илоҳӣ бахусус дар ҳаҷв ҳунари баланд доштааст. Ашъораш, ки аз ғазалу рубоӣ, қитъа ва дигар навъҳои адабӣ фароҳам омадааст, дар муайян намудани хусусиятҳои адабиёти давр аҳаммият дорад.

Абёти зер аз ӯст:

Чашмат аз ҳар гардише бо ёр аҳди тоза баст,
Хатти мушкинат китоби ҳуснро шероза баст.
Нашъа аз тундии ӯ дорам, ки чоки синаам
Чун хуморолуда натвонад лаб аз хамёза баст.

Шаби ҳиҷрон зи бас лабрези кулфат гаштаам, резад
Чу гард аз домани мижгон нигоҳи ҳасратолудам.