Jump to content

Илҳомҷон Бобозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илҳомҷон Бобозода
Илҳомҷон Абдушукур Бобозода
Таърихи таваллуд 1977(1977)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор макотиби н. Варзоб, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Илҳомҷон Абдушукур Бобозода (тав. 1977, ноҳияи Варзоб) — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илҳомҷон Абдушукур Бобозода фаъолиятро аз соли 1995 дар мактаби № 2-и н. Варзоб ҳамчун лабарант оғоз намуда, соли 1996 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2000 омӯзгори фанни биология, соли 2006 ходими хурди илмии Парваришгоҳи набототи кӯҳии Варзоб, соли 2008 ходими илмӣ, 2009 ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2, н. Варзоб, солҳои 2017 - 2020 дар вазифаи сардори раёсати маорифи н. Варзоб ва аз соли 2020 инҷониб дар вазифаи декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Рисоларо дар мавзуи «Хусусиятҳои биоэкологӣ ва физиологии анори муқаррарӣ ва хурмои кавказӣ дар шароити Тоҷикистон» дифоъ намудааст (2014). Муаллифи зиёда аз 35 мақолаи илмӣ, иштирокчии беш аз 25 конфронсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

  • Растаниҳои субтропикии Осиёи Марказӣ. Д., 2016.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ